https://sputnik.tj/20210309/Gorat-bonki-Arvand-telefon-noutbuk-choynik-1032968628.html
Ғорати филиали бонки "Арванд": телефону ноутбук ва чойнику пулҳисобкунакро рабудааст
Ғорати филиали бонки "Арванд": телефону ноутбук ва чойнику пулҳисобкунакро рабудааст
Sputnik Тоҷикистон
Сокини ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, ки қаблан барои дуздӣ суд шудааст, аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони дуздӣ дар маркази хизматрасонии бонк дастгир... 09.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-09T12:53+0500
2021-03-09T12:53+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
ноҳияи бобоҷон ғафуров
бонк
ғорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103018/52/1030185273_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_dfc2a1cccef69c1657f5a8202d731efb.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар— Sputnik. Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, роҳбари маркази хизматрасонии бонкии "Сомгор" (филиали бонки "Арванд") дар шаҳри Хуҷанд ба ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат кардааст.Ин мард гуфтааст, ки шоми 6 марти соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба маркази хизматрасонии бонкӣ воқеъ дар деҳаи Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ворид шуданд.Ба иттилои манбаъ, аз он ҷо 1-адад ноутбуки тамғаи "НР", 1-адад таҷҳизоти пулҳисобкунак, 1-адад чойники электрикӣ, 1-адад суратгираки тамғаи "Сонӣ" ва 1-адад телефони мобилии тамғаи "Нокиа"-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Гуфта мешавад, зарари расонидашуда 4 ҳазору 250-сомониро ташкил медиҳад."Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоил, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд",- афзудааст манбаъ.Дуздии либос дар маркази Душанбе ва бозори "Корвон"ВУД мегӯяд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20201222/Gorati-11-dorukhona-az-sui-se-noboli-dar-Sud-1032499794.html
ноҳияи бобоҷон ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103018/52/1030185273_43:0:1463:1065_1920x0_80_0_0_f894fd99dd0077431baae901d156d4b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, ноҳияи бобоҷон ғафуров, бонк, ғорат
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, ноҳияи бобоҷон ғафуров, бонк, ғорат
Ғорати филиали бонки "Арванд": телефону ноутбук ва чойнику пулҳисобкунакро рабудааст
12:53 09.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Сокини ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, ки қаблан барои дуздӣ суд шудааст, аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони дуздӣ дар маркази хизматрасонии бонк дастгир карда шуд
ДУШАНБЕ, 9 мар— Sputnik. Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, роҳбари маркази хизматрасонии бонкии "Сомгор" (филиали бонки "Арванд") дар шаҳри Хуҷанд ба ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат кардааст.
Ин мард гуфтааст, ки шоми 6 марти соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба маркази хизматрасонии бонкӣ воқеъ дар деҳаи Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ворид шуданд.
Ба иттилои манбаъ, аз он ҷо 1-адад ноутбуки тамғаи "НР", 1-адад таҷҳизоти пулҳисобкунак, 1-адад чойники электрикӣ, 1-адад суратгираки тамғаи "Сонӣ" ва 1-адад телефони мобилии тамғаи "Нокиа"-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, зарари расонидашуда 4 ҳазору 250-сомониро ташкил медиҳад.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Исмоил, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд",- афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.