https://sputnik.tj/20210402/zavja-baiden-shigiftzada-1033123730.html
Завҷаи Байден рӯзи 1 апрел ҳамаро шигифтзада кард
Завҷаи Байден рӯзи 1 апрел ҳамаро шигифтзада кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамсари Байден рӯзноманигоронро хело аҷиб фиреб кард. Ӯ дар рӯзи якуми апрел худро тамоман чун зани дигар муаррифӣ кард 02.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-02T17:58+0500
2021-04-02T17:58+0500
2021-04-06T15:11+0500
дар ҷаҳон
ҳамаи хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/02/1033123130_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_bf4bdac614825b880b221f2fbe154c10.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҳамсари раисҷумҳури Амрико Ҷилл Байден дар Рӯзи ханда бо кормандони Қасри сафед ва рӯзноманигорон шӯхии аҷиб кард, менависад телевизиони NBC.Бонуи аввали Амрико, рӯзноманигоронро фиреб кард. Вақте аз Калифорния ба Вашингтон парвоз мекарданд, ӯ худро корманди ширкати ҳавоӣ вонамуд кард.Дар рафти парвоз ҳамсари президент лисбосҳои меҳмондори ширкатро ба бар намуд. Ӯ шиму пиҷаки баста ба бар кард ва ҳатто дар либосаш бейҷеро часпонид, ки дар он номашро Жасмин навишта буданд. Маҳз дар ҳамин қиёфаи ғалатӣ ҳамсари президент ба назди кормандони Қасри сафед ва рӯзноманигорон баромадааст ва ба ҳама яхмос тақсим кардааст. Баъд аз чанд дақиқа, ҳамасари Байден бидуни мӯйи сохта ба назди ҳамагон баромадаву хитоб кардааст, "Рӯзи ханда муборак!".Ба гуфтаи рӯзноманигорон, касе аз онҳо фикр ҳам накарда буд, ки кӣ онҳоро меҳмондорӣ кард, махсусан онҳо интизор набуданд, ки бонуи аввалро дар лиқои меҳмондор бинанд. Байден иқрор шуд, ки ноиби президент Камала Харрис аз ӯ донотар астҚайд карда мешавад, ки ба ҳамин тарз, Ҷилл Байден на танҳо рӯзноманигорон, балки ёварони худашро фиреб додааст.
https://sputnik.tj/20210322/aftid-Bayden-zinapoya-video-1033045612.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/02/1033123130_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_76a5cdf66763297d92f870a6ab493b94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо
Завҷаи Байден рӯзи 1 апрел ҳамаро шигифтзада кард
17:58 02.04.2021 (Навсозишуда: 15:11 06.04.2021) Ҳамсари Байден рӯзноманигоронро хело аҷиб фиреб кард. Ӯ дар рӯзи якуми апрел худро тамоман чун зани дигар муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҳамсари раисҷумҳури Амрико Ҷилл Байден дар Рӯзи ханда бо кормандони Қасри сафед ва рӯзноманигорон шӯхии аҷиб кард, менависад телевизиони NBC.
Бонуи аввали Амрико, рӯзноманигоронро фиреб кард. Вақте аз Калифорния ба Вашингтон парвоз мекарданд, ӯ худро корманди ширкати ҳавоӣ вонамуд кард.
Дар рафти парвоз ҳамсари президент лисбосҳои меҳмондори ширкатро ба бар намуд.
Ӯ шиму пиҷаки баста ба бар кард ва ҳатто дар либосаш бейҷеро часпонид, ки дар он номашро Жасмин навишта буданд.
Маҳз дар ҳамин қиёфаи ғалатӣ ҳамсари президент ба назди кормандони Қасри сафед ва рӯзноманигорон баромадааст ва ба ҳама яхмос тақсим кардааст.
Баъд аз чанд дақиқа, ҳамасари Байден бидуни мӯйи сохта ба назди ҳамагон баромадаву хитоб кардааст, "Рӯзи ханда муборак!".
Ба гуфтаи рӯзноманигорон, касе аз онҳо фикр ҳам накарда буд, ки кӣ онҳоро меҳмондорӣ кард, махсусан онҳо интизор набуданд, ки бонуи аввалро дар лиқои меҳмондор бинанд.
Қайд карда мешавад, ки ба ҳамин тарз, Ҷилл Байден на танҳо рӯзноманигорон, балки ёварони худашро фиреб додааст.