https://sputnik.tj/20210402/sokin-Peterburg-qatli-tojikistoni-zindon-1033120594.html
Пас аз 4 сол: парвандаи сокини Петербург барои қатли тоҷикистонӣ ба додгоҳ рафт
Пас аз 4 сол: парвандаи сокини Петербург барои қатли тоҷикистонӣ ба додгоҳ рафт
Sputnik Тоҷикистон
Дар Санкт-Петербург парвандаи қатли ваҳшиёнаи як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки чор сол қабл аз ҷониби як сокини маҳаллӣ кушта шуд, ба додгоҳ рафт 02.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-02T14:50+0500
2021-04-02T14:50+0500
2021-07-07T18:38+0500
ҳамаи хабарҳо
зиндон
ҷазо
қатл
санкт-петербург
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_0:352:2300:1646_1920x0_80_0_0_da20ca1296ab4e5f69ba4517512c266e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Додситонии Санкт-Петербург иттиҳоми як сокини маҳаллиро, ки дар куштори чор сол пеш содиршуда, айбдор мешавад, тасдиқ кард.Дар ин бора "Невские новости" бо такя ба дафтари матбуотии раёсат хабар додааст.Гуфта мешавад, ки 21 декабри соли 2016 дар хиёбони Обуховская Оборона, дар назди бинои рақами 143 ҷасади як мард ёфт шуда буд.Дар бадани ӯ захмҳои корд ва буридашудаи қафаси сина ва шикам дида мешуд.Муҳоҷиреро дар Маскав то мурдан сангсор кардандКормандони ҳифзи ҳуқуқ шахсияти фавтидаро муайян карданд - ӯ шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон буд.Тибқи тафтишот, айбдоршаванда ҷабрдидаро дар асоси рашк нисбати ҳамхонааш ба ҳалокат расонидааст.Қайд карда мешавад, ки парвандаи ҷиноятӣ ба муддати тӯлонӣ қатъ карда шуд, зеро полис шахсияти гунаҳгорро муайян карда натавонист.Муҳоҷирон “скинхед”-ро ҳангоми ба куштор даст заданаш дастгир карда, ба пулис супурдандҲамин тавр пас аз чор соли куштор ҷиноят ба шарофати шаҳодати шахсе дар доираи созишномаи пеш аз суд кушода шуд.Манбаъ афзудаааст, ки парванда ба суди ноҳияи Невский фиристода мешавад.
https://sputnik.tj/20210204/kushtor-perm-muhojir-tojik-bozdosht-navor-1032761390.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_21:0:2300:1709_1920x0_80_0_0_cdce8cc582653db4141cf868e23d5682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, зиндон, ҷазо, қатл, санкт-петербург, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, зиндон, ҷазо, қатл, санкт-петербург, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Пас аз 4 сол: парвандаи сокини Петербург барои қатли тоҷикистонӣ ба додгоҳ рафт
14:50 02.04.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Дар Санкт-Петербург парвандаи қатли ваҳшиёнаи як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки чор сол қабл аз ҷониби як сокини маҳаллӣ кушта шуд, ба додгоҳ рафт
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Додситонии Санкт-Петербург иттиҳоми як сокини маҳаллиро, ки дар куштори чор сол пеш содиршуда, айбдор мешавад, тасдиқ кард.
Дар ин бора
"Невские новости" бо такя ба дафтари матбуотии раёсат хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки 21 декабри соли 2016 дар хиёбони Обуховская Оборона, дар назди бинои рақами 143 ҷасади як мард ёфт шуда буд.
Дар бадани ӯ захмҳои корд ва буридашудаи қафаси сина ва шикам дида мешуд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ шахсияти фавтидаро муайян карданд - ӯ шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон буд.
Тибқи тафтишот, айбдоршаванда ҷабрдидаро дар асоси рашк нисбати ҳамхонааш ба ҳалокат расонидааст.
Қайд карда мешавад, ки парвандаи ҷиноятӣ ба муддати тӯлонӣ қатъ карда шуд, зеро полис шахсияти гунаҳгорро муайян карда натавонист.
Ҳамин тавр пас аз чор соли куштор ҷиноят ба шарофати шаҳодати шахсе дар доираи созишномаи пеш аз суд кушода шуд.
Манбаъ афзудаааст, ки парванда ба суди ноҳияи Невский фиристода мешавад.