Коршинос гуфт, ки чигуна метавон аз гароншавии чиптаҳо ба Русия пешгирӣ кард

© Sputnik Заместитель главного редактора журнала «Авиапанорама», заслуженный военный летчик России Владимир Попов
Заместитель главного редактора журнала «Авиапанорама», заслуженный военный летчик России Владимир Попов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Обуна шудан
Фурӯши чиптаҳо бояд зери назорати шадиди давлат бошад, гуфт муовини сармуҳаррири маҷаллаи Авиапанорама, генерал-майор, коршиноси мустақил Владимир Попов
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Русия аз 1 апрел дар бораи ифтитоҳи парвозҳо бо Тоҷикистон хабар дод.
Агентии ҳавопаймоии шаҳрвандии Тоҷикистон шаҳрвандонро итминон дод, ки ба хотири ҷилавгирӣ гарон шудани билет, фурӯши онҳоро таҳти назорати шадид қарор хоҳанд дод.
Аммо, дар Душанбе мусофироне, ки мехоҳанд ба Маскав парвоз кунанд, ҳангоми хариди чиптаҳо ба мушкилот дучор шуданд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Муҳоҷират ва парвозҳои мустақим: мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Пак Бён Сок
"Назорати фурӯши чиптаҳо бояд аз ҷониби давлат муқаррар карда шавад. Танҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки парвоз мекунанд, бояд билет фурӯшанд" - гуфт Попов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, шаҳрванде, ки мехоҳад билет харад, бояд бастаи дахлдори ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардаву аз ҷумла ҳадафи сафарро нишон диҳад.
"Назорат бояд ҳамзамон аз ҷониби давлат ва ширкати ҳавопаймоӣ шадид бошад", - гуфт Попов.
Ба қавли коршинос, дар сурати вайрон кардани талаботи назорат, ширкатҳои ҳавопаймоӣ зери назорати шадиди давлат гирифта шаванд.
Жириновский азсаргирии парвозҳо миёни Тоҷикистону Русияро шарҳ дод
"Ин бояд ба хотири адолати иҷтимоӣ анҷом дод, на танҳо гуфт, балки иҷро кард", -афзуд Попов.
Вай гуфт, ки на афзоиши нархҳо, на ҳаннотии онҳоро иҷозат надод.
"Дар мадди аввал бояд ғамхорӣ дар бораи инсон бошад", - боварӣ дорад Владимимр Попов.
Лентаи хабарҳо
0