https://sputnik.tj/20210402/jabborov-parvoz-rusiya-nazorat-1033124259.html
Ҷабборов гуфт, нарх ва шумораи парвозҳо ба Русияро таҳти назорати худ гирифт
Ҷабборов гуфт, нарх ва шумораи парвозҳо ба Русияро таҳти назорати худ гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Содир Ҷабборов изҳор доштааст, ки мақомоти Қирғизистон барои ҳалли мушкилот тамоми имконотро ба кор мебаранд, вале на ҳама чиз аз онҳо вобаста аст 02.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-02T19:00+0500
2021-04-02T19:00+0500
2021-04-12T14:33+0500
ҳамаи хабарҳо
осиёи марказӣ
нақлиёт
содир ҷабборов
парвоз
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032673519_0:0:1454:818_1920x0_80_0_0_ab7ab2be59bf4bf456b0f374f8ae2d8f.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов мегӯяд, нарх ва шумораи парвозҳо ба Русияро ҷиддан таҳти назорати худ гирифтааст.Ӯ мегӯяд, мушкил воқеан печида аст ва на ҳама чиз аз мақомоти Қирғизистон вобаста аст. Бо вуҷуди ин, Ҷабборов дар изҳороти худ таъкид намудааст, ки барои баромадан аз вазъи мавҷуда кӯшишҳои зиёдро ба харҷ медиҳад."Ман медонам, ки ин барои шаҳрвандони мо, ки роҳи сафар ба Русияро пайдо карда наметавонанд, то чӣ андоза мушкил аст. Мо кӯшиш мекунем, ки дар ватан барои шаҳрвандони худ шароит фароҳам орем, то зарурати ба муҳоҷират рафтани онҳо боқӣ намонад. Мо бешубҳа ба ин ноил мешавем”, - таъкид намудаст Ҷабборов.Вай қайд кард, мақомот талош доранд, ки шумораи парвозҳоро афзоиш диҳанд, чиптаҳоро арзонтар кунанд ва иртиботи роҳи оҳанро дубора барқарор кунанд. Аммо, ӯ зикр намуд, ки ҳалли ин масъалаҳо аз Русия ва Қазоқистон бастагӣ дорад.Зимнан, Ҷабборов аз шаҳрвандони худ даъват намуд, ки ба ҳар гуна хабарҳои иғвоангез, ки гӯё мақомоти Қирғизистон муқобили афзун шудани шумораи парвозҳо ба Русия ҳастанд, бовар накунанд.Вай хулоса кард, ки ҳамаи мушкилот бо пандемияи коронавирус алоқаманданд аст.
https://sputnik.tj/20210326/jabborov-vaksin-koronavirus-masuniyat-1033078408.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032673519_85:0:1377:969_1920x0_80_0_0_61340f5725b0b3897cebb5feababb1cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, нақлиёт, содир ҷабборов, парвоз, дар русия
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, нақлиёт, содир ҷабборов, парвоз, дар русия
Ҷабборов гуфт, нарх ва шумораи парвозҳо ба Русияро таҳти назорати худ гирифт
19:00 02.04.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Содир Ҷабборов изҳор доштааст, ки мақомоти Қирғизистон барои ҳалли мушкилот тамоми имконотро ба кор мебаранд, вале на ҳама чиз аз онҳо вобаста аст
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов мегӯяд, нарх ва шумораи парвозҳо ба Русияро ҷиддан таҳти назорати худ гирифтааст.
Ӯ мегӯяд, мушкил воқеан печида аст ва на ҳама чиз аз мақомоти Қирғизистон вобаста аст. Бо вуҷуди ин, Ҷабборов дар
изҳороти худ таъкид намудааст, ки барои баромадан аз вазъи мавҷуда кӯшишҳои зиёдро ба харҷ медиҳад.
"Ман медонам, ки ин барои шаҳрвандони мо, ки роҳи сафар ба Русияро пайдо карда наметавонанд, то чӣ андоза мушкил аст. Мо кӯшиш мекунем, ки дар ватан барои шаҳрвандони худ шароит фароҳам орем, то зарурати ба муҳоҷират рафтани онҳо боқӣ намонад. Мо бешубҳа ба ин ноил мешавем”, - таъкид намудаст Ҷабборов.
Вай қайд кард, мақомот талош доранд, ки шумораи парвозҳоро афзоиш диҳанд, чиптаҳоро арзонтар кунанд ва иртиботи роҳи оҳанро дубора барқарор кунанд. Аммо, ӯ зикр намуд, ки ҳалли ин масъалаҳо аз Русия ва Қазоқистон бастагӣ дорад.
Зимнан, Ҷабборов аз шаҳрвандони худ даъват намуд, ки ба ҳар гуна хабарҳои иғвоангез, ки гӯё мақомоти Қирғизистон муқобили афзун шудани шумораи парвозҳо ба Русия ҳастанд, бовар накунанд.
"Баръакс, мо кайҳо боз аз Русия дархост менамоем, ки шумораи парвозҳои чартериро зиёд кунад. Мушкилот дар уди мо нест", - қайд кард Жапаров.
Вай хулоса кард, ки ҳамаи мушкилот бо пандемияи коронавирус алоқаманданд аст.