https://sputnik.tj/20210402/Zahrolud-oila-kushoniyon-1033123686.html
Заҳролудшави 11 узви як хонавода дар Кӯшониён: се нафар фавтиданд
Заҳролудшави 11 узви як хонавода дар Кӯшониён: се нафар фавтиданд
Sputnik Тоҷикистон
Заҳролудшавии ин хонавода рӯзи 27 март сурт гирифтааст ва рӯзи гузашта кӯдаки се - сола ҷон бохту имрӯз ду аъзои дигари ин хонавода фавтиданд 02.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-02T17:56+0500
2021-04-02T17:56+0500
2021-04-06T15:12+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заҳролуд
хонавода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_19:0:981:541_1920x0_80_0_0_af273046e24e5177812737b8c92e8b49.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Дар ноҳияи Кӯшониён як оилаи иборат аз 11 нафар пас аз истеъмоли шакароби дар банка маҳкамшуда заҳролуд шуданд, менависад агентии "Фараж".Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар хонаводаи Солиевҳо дар ноҳияи мазкур бегоҳи рӯзи 27 март рух додааст.Манбаъ аз қавли сардухтури беморхонаи ҷамоати деҳоти "Заргар" - и ноҳияи мазкур менависад, шаби 27 март, 11 узви ин хонавода, ки сокинони деҳаи "Комсомол" мебошанд, бо дарди шадиди шикам ба қабулгоҳи беморхона интиқол ёфтанд."Бо назардошти вазъияти вазнини онҳо, ҳар 11 нафар ба Беморхонаи сироятии вилоятӣ интиқол дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.Пизишкон дақиқ намуданд, ки ин хонавода бар асари истеъмоли занбурӯғи сафед заҳролуд шуданд.Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта як кӯдаки 3 - сола аз ин хонавода фавтид ва ҳамзамон имрӯз, 2 апрел як зан ва як кӯдаки дигар низ ҷон аз даст доданд.Манбаъ аз қавли пизишкон хабар медиҳад, ки ҳоло вазъи боқимондаи аъзоёни ин хонавода бисёр вазнин арзёбӣ мешавад.Хабар дода мешавад, ки прокуратураи ноҳияи Кӯшониён ба таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ кардааст.
https://sputnik.tj/20210201/Modar-kusht-khonavoda-zahrolud-hukm-1032736346.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_139:0:860:541_1920x0_80_0_0_529e429e68faf73a1760d36d39a801b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, заҳролуд, хонавода
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, заҳролуд, хонавода
Заҳролудшави 11 узви як хонавода дар Кӯшониён: се нафар фавтиданд
17:56 02.04.2021 (Навсозишуда: 15:12 06.04.2021) Заҳролудшавии ин хонавода рӯзи 27 март сурт гирифтааст ва рӯзи гузашта кӯдаки се - сола ҷон бохту имрӯз ду аъзои дигари ин хонавода фавтиданд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Дар ноҳияи Кӯшониён як оилаи иборат аз 11 нафар пас аз истеъмоли шакароби дар банка маҳкамшуда заҳролуд шуданд, менависад агентии "Фараж".
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар хонаводаи Солиевҳо дар ноҳияи мазкур бегоҳи рӯзи 27 март рух додааст.
Манбаъ аз қавли сардухтури беморхонаи ҷамоати деҳоти "Заргар" - и ноҳияи мазкур менависад, шаби 27 март, 11 узви ин хонавода, ки сокинони деҳаи "Комсомол" мебошанд, бо дарди шадиди шикам ба қабулгоҳи беморхона интиқол ёфтанд.
"Бо назардошти вазъияти вазнини онҳо, ҳар 11 нафар ба Беморхонаи сироятии вилоятӣ интиқол дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Пизишкон дақиқ намуданд, ки ин хонавода бар асари истеъмоли занбурӯғи сафед заҳролуд шуданд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта як кӯдаки 3 - сола аз ин хонавода фавтид ва ҳамзамон имрӯз, 2 апрел як зан ва як кӯдаки дигар низ ҷон аз даст доданд.
Манбаъ аз қавли пизишкон хабар медиҳад, ки ҳоло вазъи боқимондаи аъзоёни ин хонавода бисёр вазнин арзёбӣ мешавад.
Хабар дода мешавад, ки прокуратураи ноҳияи Кӯшониён ба таҳқиқи ин ҳодиса шуруъ кардааст.