Роҳҳои дохилии ВМКБ кушода шуданд, вале сангрезӣ идома дорад

© Sputnik / Владимир Иванов / Гузариш ба медиабонкРасчистка дороги от снежных завалов, архивное фото
Расчистка дороги от снежных завалов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Обуна шудан
Роҳҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бар асари фаромадани даҳҳо тарма дар мавзеъҳои гуногун баста шуда буд, дубора боз шуд
ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Роҳҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дубора кушода шуд. Дар ин бора сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Дар ҳолати имрӯз ҳамаи роҳҳои дохилии ВМКБ боз шуданд. Шоми дирӯз роҳои Хоруғ-Мурғоб низ пас аз тозакунӣ кушода шуд", - гуфт Ниятбеков.
Ба гуфти ӯ селе, ки дар мавзеъи Хехик омада буд, низ тоза карда шуд.
Ниятбеков афзуд, ки бо вуҷуди тоза кардани роҳҳо хатари сангчарха то ҳанӯз дар маконҳои мушкилгузар ба қайд гирифта мешавад.
Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Селу тарма ва сангрезӣ роҳи Бадахшонро баст
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 31-уми март дар қаламрави ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва ду сангрезӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа дар минтақаҳои мухталифи роҳҳои мошингарди Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Мурғоб ҳаракати мошинҳо қатъ шуд.  
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Ванҷ шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд.   
Аз сабаби бориши зиёд ва баланд шудани дамои ҳаво дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисми ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма, сангрезиҳо ва омадани селу обхезиҳо, яхбандии шабона дар минтақаҳои сард, дар ағбаҳо ва дигар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мондааст. 
Дар ҳамин иртибот, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад то аз рафтан ба минтақаҳои тармахезу хатарноки кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0