https://sputnik.tj/20210402/Khunuk-Sugd-barf-zardolu-1033123939.html
Хунук зад: дар Суғд боришоти барф, 27 ҳазор гектор зардолузорро сиёҳ кардааст
Хунук зад: дар Суғд боришоти барф, 27 ҳазор гектор зардолузорро сиёҳ кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Боришоти барф дар охирҳои моҳи феврал, боиси сармозадагии даҳҳо ҳазор ҳектор гули зардолузорҳо шуда ва баландшавии нархи ҳосил дар бозор ҳам бетаъсир... 02.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-02T18:14+0500
2021-04-02T18:14+0500
2021-11-16T12:00+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
сармо
дарахтон
ҳосил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032893899_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_b6d3143de80c90312e9e10bf5bb2f497.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik, Қамари Аҳрор. Дар пайи гармшавии ҳарорат дар моҳи феврали имсол табиат барвақт бедор шуд буд, аммо барфрезии ғайриинтизор гули сап - сафеди зардолузорҳои Суғдро пажмурдаву сиёҳ гардонид.Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, боришоти барф ва сардшавии ҳарорат дар оғози фасли баҳор ба соҳаи боғдорӣ дар шаҳру навоҳии вилоят таъсисри амиқи манфӣ расонидааст.Тибқи иттилоъи манбаъ ин миқдор зардолузор дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Б. Ғафуров, Конибодом, Зафаробод, Масчоҳ, Спитамен, Ҷ. Расулов ва Хуҷанди Суғд ба ҳисоб гирифта шудаанд.Бино ба қоидаҳои агротехникӣ, дар ҳар як гектор боғ аз 100 то 150 бех ниҳол шинонида мешавад ва эҳтимол дар 27 ҳазор гектор, аз 2 то 4 миллион ниҳол мавҷуд мебошад. Абдулазиз Маҳмудзода мегуяд, аз сардиҳои моҳи февралӣ на ҳамаи дарахтон осеб дидаанд.“Гулкунии дарахтон дар шаҳру ноҳияҳо фарқ мекард. Гули дарахтоне, ки аз муғҷаҳо дертар шукуфтаанд, аз сардиҳо эмин мондаанд. Ба ин тартиб шояд аз 27 ҳазор гектор боғ 40 ё 50 % и гули зардолуҳоро хунук зада бошад”, - гуфт масъули Идораи кишоварзӣ.Зардолупарварӣ аз шуғли шуморе аз сокинон дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад. Ба василаи хушк ва ба хориҷа интиқол додани зардолу хонаводаҳо дар Суғд рӯзӣ дарёфт мекунанд.Соли гузашта ба далели хуруҷи бемории ҳамагир марзҳо баста шуд ва дуруст ҳосили зардолу ба хориҷи кишвар аз ҷумла Русия содирот нашуд. Ба ҳамин сабаб қиммати он дар бозорҳо ба маротиб поён рафт. Аммо аз ҳисоби хунукзадагии дарахтон аз ҳоло қиммати зардолуро дар бозорҳо гарон шудааст.Аҳмадзода низ ба наҷоти дарахтони ғарқи гул рафт: таъсис гуруҳи корӣ барои дудмонӣФароғат як фурӯшандаи бозори “Панҷшанбе” зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки нархи як кило зардолӯи хушк давоми як моҳи охир аз 25 ба 60 сомонӣ дакка задааст.Ин фурӯшанда сабаби болоравии нархро аз камбуди ҳосил ва зиёдшавии талабот маънидод кард.Дар вилояти Суғд, 70 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд аст, ки фаъолияти бахше аз ин хоҷагиҳо боғпарварӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20210225/Korshinosi-tojik-guft-sarmo-hosil-zarar--1032891823.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032893899_70:0:1207:853_1920x0_80_0_0_fccf39c709d8cad433e96345b6ea8592.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сармо, дарахтон, ҳосил
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, сармо, дарахтон, ҳосил
Хунук зад: дар Суғд боришоти барф, 27 ҳазор гектор зардолузорро сиёҳ кардааст
18:14 02.04.2021 (Навсозишуда: 12:00 16.11.2021) Боришоти барф дар охирҳои моҳи феврал, боиси сармозадагии даҳҳо ҳазор ҳектор гули зардолузорҳо шуда ва баландшавии нархи ҳосил дар бозор ҳам бетаъсир намондааст
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik, Қамари Аҳрор. Дар пайи гармшавии ҳарорат дар моҳи феврали имсол табиат барвақт бедор шуд буд, аммо барфрезии ғайриинтизор гули сап - сафеди зардолузорҳои Суғдро пажмурдаву сиёҳ гардонид.
Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, боришоти барф ва сардшавии ҳарорат дар оғози фасли баҳор ба соҳаи боғдорӣ дар шаҳру навоҳии вилоят таъсисри амиқи манфӣ расонидааст.
“Тибқи ҳисобу китоби мо, ки гурӯҳи корӣ аз вазъи зардолузорҳои шаҳру навоҳии вилоят дидан намуданд, ҳудуди 27 ҳазор гектор боғи зардолу аз таъсири сардиҳо осеб дидааст”, иброз намуд Маҳмудзода.
Тибқи иттилоъи манбаъ ин миқдор зардолузор дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Б. Ғафуров, Конибодом, Зафаробод, Масчоҳ, Спитамен, Ҷ. Расулов ва Хуҷанди Суғд ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Бино ба қоидаҳои агротехникӣ, дар ҳар як гектор боғ аз 100 то 150 бех ниҳол шинонида мешавад ва эҳтимол дар 27 ҳазор гектор, аз 2 то 4 миллион ниҳол мавҷуд мебошад. Абдулазиз Маҳмудзода мегуяд, аз сардиҳои моҳи февралӣ на ҳамаи дарахтон осеб дидаанд.
“Гулкунии дарахтон дар шаҳру ноҳияҳо фарқ мекард. Гули дарахтоне, ки аз муғҷаҳо дертар шукуфтаанд, аз сардиҳо эмин мондаанд. Ба ин тартиб шояд аз 27 ҳазор гектор боғ 40 ё 50 % и гули зардолуҳоро хунук зада бошад”, - гуфт масъули Идораи кишоварзӣ.
Зардолупарварӣ аз шуғли шуморе аз сокинон дар шимоли кишвар ба ҳисоб меравад. Ба василаи хушк ва ба хориҷа интиқол додани зардолу хонаводаҳо дар Суғд рӯзӣ дарёфт мекунанд.
Соли гузашта ба далели хуруҷи бемории ҳамагир марзҳо баста шуд ва дуруст ҳосили зардолу ба хориҷи кишвар аз ҷумла Русия содирот нашуд. Ба ҳамин сабаб қиммати он дар бозорҳо ба маротиб поён рафт. Аммо аз ҳисоби хунукзадагии дарахтон аз ҳоло қиммати зардолуро дар бозорҳо гарон шудааст.
Фароғат як фурӯшандаи бозори “Панҷшанбе” зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки нархи як кило зардолӯи хушк давоми як моҳи охир аз 25 ба 60 сомонӣ дакка задааст.
Ин фурӯшанда сабаби болоравии нархро аз камбуди ҳосил ва зиёдшавии талабот маънидод кард.
“Боре, ки ҳоло мефурӯшем ҳосили соли гузашта аст. Имсол баъди боридани барф ва сиёҳшавии гули дарахтон маълум нест, ки ҳосил чи хел мешавад”, - гуфт фурӯшандаи бозор.
Дар вилояти Суғд, 70 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд аст, ки фаъолияти бахше аз ин хоҷагиҳо боғпарварӣ мебошад.