Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар бахши маориф

© МИД РТМулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири украинӣ
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири украинӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Обуна шудан
Ахиран Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлетро дидору мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Украина бо тамаркуз ба соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мулоқоти намояндагони парлуони Тоҷикистон ба вазири маорифи Украина  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Намояндагони парлумони Тоҷикистон аз вазири маорифи Украина чӣ хостанд?
Бояд гуфт, ки чанде пеш Намояндагони маҷлиси Тоҷикистон бо вазири маорифи Украина дидор карданд.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ҷараёни мулоқот масоили тавсеаи равобити дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Украина баҳсу баррасӣ шуд.
Вай афзуд, ки дар мулоқот ба сатҳи болои ҳамкорӣ ва мушорикат байни Тоҷикистону Украина дар тамоми арсаҳо ишора шуд.
Вазири маориф ва илми Украина аз 29 март то 2 апрел бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Ҳайати Украина беш аз 60 ректори донишгоҳҳои он кишварро дар бар мегирад.
Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси тавофуқномаи дуҷонибаи имзошуда байни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Украина, ҳудуди 150 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекунанд.
Бар асоси ин тавофуқнома Украина солона 20 бурсияи давлатӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисоти омӯзиши олии Украина ихтисос медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0