Солонников: Аврупо аз Путин ваксинаи "Sputnik V"-ро хоҳад пурсид

© Киевские ведомостиДмитрий Солонников
Дмитрий Солонников  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Обуна шудан
Масъалаи эмкунӣ алайҳи коронавирус барои Аврупо афзалиятнок аст, мегӯяд Дмитрий Солонников, директори Институти рушди давлатии муосир
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо иштироки раҳбари Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел видеоконфронс баргузор кард.
Президент РФ В. Путин на совещании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Путин дар бораи эҳсосаш баъди ваксинагирӣ ва замони лағви пурраи маҳдудиятҳо
Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонро баррасӣ карданд. Ҳамин тавр, Путин, Макрон ва Меркел ба мавзӯъҳои вазъ дар Украина, Сурия ва Либия, созишномаи ҳастаии Эрон, ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ғайра дахл карданд.
Яке аз масъалаҳои марказӣ ин муттаҳид кардани кӯшишҳо дар мубориза бо коронавирус ва дурнамои сабти номи доруи Русия алайҳи COVID-19 "Спутник V" дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо буд.
Директори Пажӯҳишгоҳи рушди муосири давлат Дмитрий Солонников дар мусоҳиба бо радиои Sputnik гуфт, ки масъалаи эмгузаронӣ алайҳи коронавирус дар назди роҳбарони Аврупо аввалиндараҷа мебошад.
"Барои Аврупо ҳама масъалаҳои дигар дар ҷои дуюм ва ҳатто бештар Украина, Сурия ё Либия мебошанд. То он даме, ки Аврупо бӯҳрони пандемияро бартараф накунад, ҳама чизи дигар онро хеле кам ба ташвиш меорад", - таъкид кард Солонников.
Ба гуфтаи коршинос, мақомоти кишварҳо талош доранд, он ваксинаҳоеро, ки "то дасташон мерасад" бихаранд.
Дар Русия истеҳсоли боз як ваксинаи дигар бар зидди коронавирус “КовиВак” оғоз ёфт
"Агар ба Австрия як миллион воя ваксини "Спутник V" ворид шавад, ин хеле олӣ аст. Метавон барои Олмон, Фаронса низ ин корро кард, ин маънои онро дорад, ки онҳо кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод", - қайд кард Солонников.
Вай илова кард, ки ин масъала сиёсатгузорӣ аст, ки дар ояндаи наздик бо Путин баррасӣ хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0