Путин дар бораи эҳсосаш баъди ваксинагирӣ ва замони лағви пурраи маҳдудиятҳо

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин на совещании
Президент РФ В. Путин на совещании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, кай дар кишвар маҳдудият дар робита бо паҳншавии коронавирус бекор мегарданду мардум ба ҳаёти одӣ бармегардад
ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Маҳдудиятҳои "коронавирусӣ", ки дар Русия барои пешгирии паҳншавии COVID-19 ҷорӣ карда шуданд, бо назардошти пайдоиши масунияти оммавӣ дар сокинони кишвар бекор карда мешаванд.
Доктор медицинских наук, профессор и телеведущая Елена Малышева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Малишева гуфт, истеъмоли кадом ғизо пас аз ваксингирӣ ба саломатӣ хатар дорад
Дар ин бора раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 1" иттилоъ дод.
Ба гуфтаи президент, кишвар метавонад то охири тобистон бо лағви тамоми маҳдудиятҳо ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад. Раҳбари Русия қайд кард, ки барои пайдоиши масунияти оммавӣ ба коронавирус ҳадди аққал 70% аҳолӣ бояд эм карда шаванд.
"Агар ин кор (эмкунӣ - эзоҳи идора) бо ҳамин суръати ҳозира сурат гирад, ман фикр мекунам, ки дар тобистон, то охири тобистон, мо бояд ба чунин нишондиҳанда бирасем", - гуфт Путин.
Дар суҳбат бо ровии барномаи "Маскав, Кремл, Путин",  Павел Зарубин, раҳбари Русия ҷузъиёти ваксинагирии ахири худро гуфт.
Як рӯз пеш аз он, сарвари давлат аз коронавирус эм карда шуд. Ба гуфтаи Путин, чанде пас аз ваксина, вай дар дасти чапаш нороҳатӣ ҳис кард, ки ӯро ба он сӯзандору карданд. Ба ин тартиб, Президенти Федератсияи Русия қарор кардаст, ки се рӯз аз варзиш даст кашад.
Сарвари давлат таъкид кард, ки ваксинаҳои Русия алайҳи коронавирус дар се нишондиҳандаи асосӣ беҳтарин мебошанд. Вай қайд кард, ки аз пайомади манфии истифодаи ваксинаҳои русии ба қайд гирифташуда то ҳол ҳеч иттилое нагирифтааст. Бо ин ваксинаҳо, ба гуфтаи Путин, "одамони гирифтори бемориҳои шадиди музмин эм карда мешаванд ва худро хуб ҳис мекунанд."
Лентаи хабарҳо
0