Раиси Маҷлиси миллии Кореяи Ҷанубӣ Душанбе омад: бо Рустами Эмомалӣ мулоқот мекунад

© дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣРаиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҷаноби Пак Бён Сок бо ҳайати ҳамроҳонаш вориди Душанбе шуд
Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҷаноби Пак Бён Сок бо ҳайати ҳамроҳонаш вориди Душанбе шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Пак Бён Сок бо як сафари расмӣ озими Душанбе шуд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Наврӯз Қурбонзода, сухангӯи Маҷлиси миллӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳайати Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея бо раҳбарии Пак Бён Сок шаби гузашта вориди Тоҷикистон шуданд.
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Раҳмон Маҷлиси Ҳукуматро баргузор кард ва ду додрасро барканор намуд
Ба иттилои манбаъ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ба иттилои манбаъ дар назар аст давоми рӯз Пак Бён Сок бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дидору мулоқот кунад.
Лентаи хабарҳо
0