https://sputnik.tj/20210331/rahmon-barkanor-kard-hukumat-1033111570.html
Раҳмон Маҷлиси Ҳукуматро баргузор кард ва ду додрасро барканор намуд
Раҳмон Маҷлиси Ҳукуматро баргузор кард ва ду додрасро барканор намуд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистонро баргузор кард ва се мақомдорро аз вазифа барканор намуд 31.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-31T21:35+0500
2021-03-31T21:35+0500
2021-03-31T21:35+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033047897_0:83:2048:1235_1920x0_80_0_0_aa0364a1f2a5df828f081be3cc4ee134.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар Маҷлиси Ҳукумат асосан се масъала, масоили энергетикӣ, лоиҳаи чанд қонун ва Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.Дар мавриди масъалаи энергетикӣ раисҷумҳур дастур дод, ки омодагӣ ба зимистони соли 2021-2022 аз ҳоло оғоз шавад ва захираҳои кофии маводи сӯхт, аз ҷумла ангишт муҳайё гардида, барои таъмини пурраи нерӯи барқ ба аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон чораҷӯӣ намоянд.Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ” ва ғайраро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.Ҳамчунин имрӯз як қарор ва як фармони президент имзо шуд, ки дар пайи он се нафар аз мақом барканор шуданд.Раҳмон дар Вазорати энергетика ва "Барқи тоҷик" тағйироти кадрӣ гузаронд: кӣ рафту кӣ мондТибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон таҳти рақами 146 Зоирзода Мӯътабар Яздонӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуд.Тибқи ҳамин фармон Раҳматзода Тоҷиддин Раҳмат аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуд. Далели барканории Раҳматзода дар фармон зикр намешавад.Пештар хабар дода шуд, ки тибқи қарори Ҳукумати кишвар, муовини вазири тандурустӣ Самариддин Ализода низ барканор шуд.
https://sputnik.tj/20210331/rahmon-barkanorkuni-alizoda-1033111290.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033047897_146:0:1903:1318_1920x0_80_0_0_f5a6bbf7abe5873f265d7001415a01d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо
Раҳмон Маҷлиси Ҳукуматро баргузор кард ва ду додрасро барканор намуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистонро баргузор кард ва се мақомдорро аз вазифа барканор намуд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар Маҷлиси Ҳукумат асосан се масъала, масоили энергетикӣ, лоиҳаи чанд қонун ва Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Дар мавриди масъалаи энергетикӣ раисҷумҳур дастур дод, ки омодагӣ ба зимистони соли 2021-2022 аз ҳоло оғоз шавад ва захираҳои кофии маводи сӯхт, аз ҷумла ангишт муҳайё гардида, барои таъмини пурраи нерӯи барқ ба аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон чораҷӯӣ намоянд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нотариати давлатӣ” ва ғайраро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати амал оид ба амалисозии Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2021-2023 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.
Ҳамчунин имрӯз як қарор ва як фармони президент имзо шуд, ки дар пайи он се нафар аз мақом барканор шуданд.
Тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон таҳти рақами 146 Зоирзода Мӯътабар Яздонӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуд.
Тибқи ҳамин фармон Раҳматзода Тоҷиддин Раҳмат аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуд. Далели барканории Раҳматзода дар фармон зикр намешавад.
Пештар хабар дода шуд, ки тибқи қарори Ҳукумати кишвар, муовини вазири тандурустӣ Самариддин Ализода низ
барканор шуд.