Худрави сухангӯи Путин дучори садама шуд – видео

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗаместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2021
Обуна шудан
Худрави сухангӯи раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар хиёбони Волгоградскийи шаҳри Маскав дучори садама шуд
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар хиёбони Волгоградскийи шаҳри Маскав бо иштироки худрави Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия Владимир Путин садама рух дод.
Маълум шудааст, ки худрави тамғаи Genesis, ки ба Дмитрий Песков таалуқ дорад, бо такси бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин садама, мошини Песков каме осеб дидааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, мошини сухангӯи Крмеро ронандае,идора мекард, ки тоза ба кор қабул шуда буд.
Вай аз таъмиргоҳи мошинҳо баромада, сигнали махсусро рушан карда аз хиёбони Волгоградский ба сӯи марказ ҳаракат мекард.
Задержан Х. Сомон, предполагаемый виновник ДТП на севере столицы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Ду занро пахш карда кушт: боздошти донишҷӯи тоҷик дар Маскав – навори бозпурсӣ
Тавре маълум шуд, ҳангоми садама худи Песков дар дохили мошинаш набудааст. Ӯ ин маълумотро шахсан ба хабаргузории РБК таъйид кард.
"Мошин ба садама дучор шуд, ҳама саломатанд, ман дар дохили он набудам" -  гуфт Песков.
Як манбаъ аз ВКД-и шаҳри Маскав ба рӯзноманигорон, хабар додааст, ки ҷои ҳодисаро аллакай кормандони БДА аз гурӯҳи таҳлилӣ зери назорат гирифтаанд. Онҳо сабаби рух додани ин садамаро таҳқиқ доранд.
Бояд гуфт, ки худрави Genesis дар Муассисаи федералии давлатӣ "Комбинати нақлиётии Русия” сабти ном шудааст.
Мушовири Раёсати дастгоҳи раисҷумҳури Русия, Елена Крылова гуфт, ки онҳо маълумот дар бораи мусофирони мошинҳои корхонаҳои "Комбинати нақлиётии Русия” маълумот намедиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0