https://sputnik.tj/20210401/Baiden-darkhost-khuddori-tanish-Russia-1033114008.html
Дархости созмонҳои амрикоӣ аз Байден барои худдорӣ аз ташдиди таниш бо Русия
Дархости созмонҳои амрикоӣ аз Байден барои худдорӣ аз ташдиди таниш бо Русия
Sputnik Тоҷикистон
27 созмон ва ниҳоди амрикоӣ аз раисҷумҳурии Амрико дархост карданд то аз ташдиди таниш бо Русия худдорӣ кунад 01.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-01T13:50+0500
2021-04-01T13:50+0500
2021-04-19T16:58+0500
ҳамаи хабарҳо
осиёи марказӣ
созмонҳо
ташдид
худдорӣ
дар русия
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/15/1032663653_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_d668f3e45e459d8e4cf2e4ec79052214.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Ин 27 созмону ниҳоди амрикоӣ бо судури баёнияе зимни дархост аз Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико барои худдорӣ аз изҳороти тавҳиномез алайҳи Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия, эълом карданд, ки аз изҳороти танишҳо байни раисони ҷумҳурии ду кишвар нигарон ҳастанд, иттилоъ додааст РИА Новости."Дар ҳоле ки аксари созмонҳои миллие, ки ҷонибдори дипломатия, назорати силоҳ, халъи силоҳ ва сулҳ мебошанд, мубодилаи афкори ахири раисҷумҳурони ду кишвар, ки беш аз 90 дарсади кулоҳакҳои ҳастаии ҷаҳонро дар ихтиёр доранд, сахт ба ташвиш овардааст", - омадааст дар изҳороти ин созмонҳо.Созмонҳо аз Байден даъват карданд, ки аз ширкат дар "мубоҳисаҳои беандешона" даст кашад ва музокиротро бо Русия дар бораи силоҳи ҳастаӣ идома диҳад, зеро хатари сабқати ҳастаӣ бештар шудааст.Ёдрас мешавем, ки пештар Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико дар як мусоҳибаи тафсилӣ бо шабакаи Эй Би Си Нюс, зимни "қотил" хитоб кардани Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия муддаӣ шуд, ки ӯ барои мудохила дар интихоботи Амрико товон хоҳад дод.Раисҷумҳурии Русия дар вокуниш ба иддаҳои раисҷумҳури Амрико ба Ҷо Байден саломатӣ орзӯ намуд ва гуфт, қотил касе аст, ки дигаронро қотил мехонад.Танишҳо дар равобити Русия ва Амрико аз солҳо пеш ба далел чанд парванда, аз ҷумла таҳаввулоти Украина ва иддаоҳои дахолат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико шиддат гирифта ва Вашингтон чандин бор таҳрим алайҳи Маскав ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20210327/Bayden-Putin-muzokirot-davat-1033085910.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/15/1032663653_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_dcc7d1176fb3c1810e69c0e1f2d4ee6a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, созмонҳо, ташдид, худдорӣ, дар русия, амрико
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, созмонҳо, ташдид, худдорӣ, дар русия, амрико
Дархости созмонҳои амрикоӣ аз Байден барои худдорӣ аз ташдиди таниш бо Русия
13:50 01.04.2021 (Навсозишуда: 16:58 19.04.2021) 27 созмон ва ниҳоди амрикоӣ аз раисҷумҳурии Амрико дархост карданд то аз ташдиди таниш бо Русия худдорӣ кунад
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Ин 27 созмону ниҳоди амрикоӣ бо судури баёнияе зимни дархост аз Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико барои худдорӣ аз изҳороти тавҳиномез алайҳи Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия, эълом карданд, ки аз изҳороти танишҳо байни раисони ҷумҳурии ду кишвар нигарон ҳастанд, иттилоъ додааст РИА Новости.
"Дар ҳоле ки аксари созмонҳои миллие, ки ҷонибдори дипломатия, назорати силоҳ, халъи силоҳ ва сулҳ мебошанд, мубодилаи афкори ахири раисҷумҳурони ду кишвар, ки беш аз 90 дарсади кулоҳакҳои ҳастаии ҷаҳонро дар ихтиёр доранд, сахт ба ташвиш овардааст", - омадааст дар изҳороти ин созмонҳо.
Созмонҳо аз Байден даъват карданд, ки аз ширкат дар "мубоҳисаҳои беандешона" даст кашад ва музокиротро бо Русия дар бораи силоҳи ҳастаӣ идома диҳад, зеро хатари сабқати ҳастаӣ бештар шудааст.
Ёдрас мешавем, ки пештар Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико дар як мусоҳибаи тафсилӣ бо шабакаи Эй Би Си Нюс, зимни "қотил" хитоб кардани Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия муддаӣ шуд, ки ӯ барои мудохила дар интихоботи Амрико товон хоҳад дод.
Раисҷумҳурии Русия дар вокуниш ба иддаҳои раисҷумҳури Амрико ба Ҷо Байден саломатӣ орзӯ намуд ва гуфт, қотил касе аст, ки дигаронро қотил мехонад.
Танишҳо дар равобити Русия ва Амрико аз солҳо пеш ба далел чанд парванда, аз ҷумла таҳаввулоти Украина ва иддаоҳои дахолат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико шиддат гирифта ва Вашингтон чандин бор таҳрим алайҳи Маскав ҷорӣ кардааст.