https://sputnik.tj/20210331/tojikistonu-uzbekiston-masala-marz-1033108678.html
Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи марзиро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи марзиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо доир ба хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ва гузоштани аломатҳои сарҳадӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор карданд 31.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-31T15:30+0500
2021-03-31T15:30+0500
2021-03-31T15:56+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102501/45/1025014528_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_dd735954fc7569e26a522a93ab4a5930.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Чаҳор рӯзи ахир дар Ҷиззах вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш додааст, 26-31 март дар шаҳри Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мегардад.Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти музокирот ҷонибҳо корҳои аломатгузориро дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ намуданд."Ҷонибҳо доир ба хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ва гузоштани аломатҳои сарҳадӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор карданд", - афзудааст дафтари матбуоти вазорат.Тасмими Тоҷикистону Ӯзбекистон барои содагардонии интиқоли коло тавассути марзГуфта мешавад, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар натиҷаи он Протокол ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20210326/masala-marz-tojikiston-kirqiziston-1033081622.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102501/45/1025014528_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_7a35d2a7f0af0dab985b0c15865bcc93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ
Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи марзиро баррасӣ карданд
15:30 31.03.2021 (Навсозишуда: 15:56 31.03.2021) Ҷонибҳо доир ба хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ва гузоштани аломатҳои сарҳадӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор карданд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Чаҳор рӯзи ахир дар Ҷиззах вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш додааст, 26-31 март дар шаҳри Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти музокирот ҷонибҳо корҳои аломатгузориро дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ намуданд.
"Ҷонибҳо доир ба хатти лоиҳавии демаркатсионӣ ва гузоштани аломатҳои сарҳадӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мубодилаи афкор карданд", - афзудааст дафтари матбуоти вазорат.
Гуфта мешавад, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, дар натиҷаи он Протокол ба имзо расид.