Се моҳ мӯҳлат: масъалаи тақсимоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ниҳоӣ мешавад

© пресс-служба правительства КыргызстанаВышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Ташиев мӯҳлати ҳалли ниҳоии ҳамаи масъалаҳо вобаста ба марзро эълон кард
ДУШАНБЕ, 26 мар – Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ояндаи наздик дар мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсия мушкилоти қитъаҳои баҳсии сарҳадро баррасӣ мекунанд, гуфт Камчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
"Қирғизистон ва Тоҷикистон барои тезонидани раванди делимитатсияи марз ба мувофиқа расиданд", -  гуфт дафтари матбуотии вазорат.
Рӯзи ҷумъа маълум шуд, ки Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамаи масъалаҳои баҳсталабро дар қитъаи сарҳади давлатӣ ҳал кардаанд.
"Аз ин ҷо ман ба Ботканд меравам. Масъалаи марзҳо бо Ӯзбекистон ҳал шуд, аммо бо Тоҷикистон - не.  Ба мо се моҳ мӯҳлат доданд”, - изҳор дошт ӯ зимни нишасти хабарӣ.
Глава ГКНБ Кыргызстана  Камчыбек Ташиев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Ташиев гуфт, ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ имкон аст хонаҳои баъзе қирғизҳо тахриб шавад
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти қаблии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ рӯзи 18 март дар Тоҷикистон баргузор шуда буд.
Бояд зикр намуд, ки дарозии умумии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километр ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст.
Зиёда аз 370 километр номуайян боқӣ мондааст.
Қисми сарҳадии Қирғизистон-Тоҷикистон давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Сардори КДАМ-и Қирғизистон ба Тоҷикистон омад: Ятимов бо Ташиев мулоқот мекунад
Сабаби асосии баҳсҳо қисматҳои тақсимнашуда мебошанд, ки дар он муайян кардани сарҳади байни давлатҳо ғайриимкон аст.
Лентаи хабарҳо
0