https://sputnik.tj/20210331/parvoz-bilet-tojikiston-russia-1033105969.html
Аз Тоҷикистон гарон, аз Русия арзонтар: арзиши билети парвозҳои муқаррарӣ маълум шуд
Аз Тоҷикистон гарон, аз Русия арзонтар: арзиши билети парвозҳои муқаррарӣ маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ду ширкат, "Ютэйр" ва "Сомон Эйр" арзиши чиптаҳои парвозҳои муқаррариро эълон кардаанд. Арзиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистон нисбат ба парвоз аз Тоҷикистон ба... 31.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-31T12:38+0500
2021-03-31T12:38+0500
2021-03-31T12:53+0500
дар русия
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/24/1030942444_0:60:1201:735_1920x0_80_0_0_2d9b09f5d601b9e98f8ed4b5a3f1194a.jpg
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Тавре ширкати "Ютэйр" хабар додааст, нахустин парвоз аз Душанбе ба Маскав шаби 3 апрел, соати 2-и шаб сурат мегирад. Ҳамчунин ширкат ҷадвали парвозҳоро ва арзиши ақалии чиптаҳоро муайян кардааст.Ҳамин тавр, чиптаи парвоз аз Маскав ба Душанбе 1640 сомонӣ ё 143 доллар ва аз Душанбе ба Маскав 3 ҳазору 983 сомонӣ баробар ба 349 доллар мебошад.Мувофиқи ҷадвал парвозҳои "Ютэйр" ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа соати 6-и субҳ анҷом дода хоҳад шуд.Нахустин парвози "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Маскав 6 апрел сурат мегирад. Арзиши ақаллии чиптаҳо аз ширкати русӣ фарқ надорад - аз Маскав арзонтар - 1640 сомонӣ ё 143 доллар, аз Душанбе гаронтар - 3 ҳазору 983 сомонӣ ё 349 доллар.Билетҳои парвоз аз ҳарду ширкатҳо ҳам феълан ба фурӯш гузошта нашудаанд.Ёдрас мешавем, Русия пештар эълон кард, ки аз 1 апрел фазояшро ба рӯи Тоҷикистон боз мекунад. Бино бар нақша, дар аввал аз ҳарду кишвар ба як ширкатӣ ҳуқуқи анҷом додани парвозҳои муқаррарӣ дода мешавад. Пештар Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба суоле, ки киҳо метавонад ба Русия тавассути парвозҳои муқаррарӣ сафар кунанд, гуфт, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, инчунин шахсони дигар, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи иқомати доимӣ дар Тоҷикистонро доранд, метавонанд ба Русия раванд.Шаҳрвандони Русия низ метавонанд аз ин парвозҳо истифода кунанд.Дар мавриди ҳуҷҷатҳои зарурӣ зикр шудааст, ки барои сафар аз Душанбе ба Маскав, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд хулосаи аслии тиббиро бо забони русӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус тариқи ташхиси "ПСР" дошта бошад, ки на пештар аз се рӯз то расидан ба Маскав анҷом дода шудааст.Сафорат ба суол дар мавриди сафари донишҷӯён тариқи ин парвозҳо посух додааст, ки он иҷозат дода шудааст, аммо бархе шартҳои дигари тартиби вуруди донишҷӯёнро зикр кардааст.Аз ҷумла бар асоси тартиби мақараркардаи мақомоти Русия, донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на камтар аз 10 рӯз пеш аз санаи вуруд ба Русия огоҳ кунанд. Пас аз фиристодани мактуб, онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд.Парвозҳо ба Русия: мусофирон ба кадом нарх ва ҳуҷҷат метавонанд парвоз кунанд?Дар баробари ташхиси коронавирус, ки на дертар аз 3 рӯз пеш аз вуруд ба Русия, анҷом дода шудааст, инчунин донишҷӯёни тоҷик бояд дар давоми 72 соат пас аз вуруд ба Русия озмоиши дуввуми “ПСР”-ро супоранд. Пеш аз гирифтани натиҷаҳои ин санҷиш, донишҷӯён бояд низоми худинзивоъро риоя кунанд.
https://sputnik.tj/20210327/darakht-parvoz-izzat-amon-1033086973.html
https://sputnik.tj/20210327/Parvoz-tojikiston-darvoza-havoi-boz-1033086699.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/24/1030942444_0:0:1067:800_1920x0_80_0_0_a7ba78b80925c904ee8f7757e2d46584.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират
дар русия, дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират
Аз Тоҷикистон гарон, аз Русия арзонтар: арзиши билети парвозҳои муқаррарӣ маълум шуд
12:38 31.03.2021 (Навсозишуда: 12:53 31.03.2021) Ду ширкат, "Ютэйр" ва "Сомон Эйр" арзиши чиптаҳои парвозҳои муқаррариро эълон кардаанд. Арзиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистон нисбат ба парвоз аз Тоҷикистон ба Русия арзонтар аст
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Тавре ширкати "Ютэйр" хабар додааст, нахустин парвоз аз Душанбе ба Маскав шаби 3 апрел, соати 2-и шаб сурат мегирад. Ҳамчунин ширкат ҷадвали парвозҳоро ва арзиши ақалии чиптаҳоро муайян кардааст.
Ҳамин тавр, чиптаи парвоз аз Маскав ба Душанбе 1640 сомонӣ ё 143 доллар ва аз Душанбе ба Маскав 3 ҳазору 983 сомонӣ баробар ба 349 доллар мебошад.
Мувофиқи ҷадвал парвозҳои "Ютэйр" ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа соати 6-и субҳ анҷом дода хоҳад шуд.
Нахустин парвози "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Маскав 6 апрел сурат мегирад. Арзиши ақаллии чиптаҳо аз ширкати русӣ фарқ надорад - аз Маскав арзонтар - 1640 сомонӣ ё 143 доллар, аз Душанбе гаронтар - 3 ҳазору 983 сомонӣ ё 349 доллар.
Билетҳои парвоз аз ҳарду ширкатҳо ҳам феълан ба фурӯш гузошта нашудаанд.
Ёдрас мешавем, Русия пештар эълон кард, ки аз 1 апрел фазояшро ба рӯи Тоҷикистон боз мекунад. Бино бар нақша, дар аввал аз ҳарду кишвар ба як ширкатӣ ҳуқуқи анҷом додани парвозҳои муқаррарӣ дода мешавад.
Пештар Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба суоле, ки киҳо метавонад ба Русия тавассути парвозҳои муқаррарӣ сафар кунанд, гуфт, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, инчунин шахсони дигар, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи иқомати доимӣ дар Тоҷикистонро доранд, метавонанд ба Русия раванд.
Шаҳрвандони Русия низ метавонанд аз ин парвозҳо истифода кунанд.
Дар мавриди ҳуҷҷатҳои зарурӣ зикр шудааст, ки барои сафар аз Душанбе ба Маскав, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд хулосаи аслии тиббиро бо забони русӣ дар бораи набудани сирояти коронавирус тариқи ташхиси "ПСР" дошта бошад, ки на пештар аз се рӯз то расидан ба Маскав анҷом дода шудааст.
Сафорат ба суол дар мавриди сафари донишҷӯён тариқи ин парвозҳо посух додааст, ки он иҷозат дода шудааст, аммо бархе шартҳои дигари тартиби вуруди донишҷӯёнро зикр кардааст.
Аз ҷумла бар асоси тартиби мақараркардаи мақомоти Русия, донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бояд донишгоҳро тавассути почтаи электронӣ на камтар аз 10 рӯз пеш аз санаи вуруд ба Русия огоҳ кунанд. Пас аз фиристодани мактуб, онҳо дар бораи тартиби вуруд маълумоти муфассал мегиранд.
Дар баробари ташхиси коронавирус, ки на дертар аз 3 рӯз пеш аз вуруд ба Русия, анҷом дода шудааст, инчунин донишҷӯёни тоҷик бояд дар давоми 72 соат пас аз вуруд ба Русия озмоиши дуввуми “ПСР”-ро супоранд. Пеш аз гирифтани натиҷаҳои ин санҷиш, донишҷӯён бояд низоми худинзивоъро риоя кунанд.