Дарахтони чаканпӯш, барқароршавии парвозҳо, боздошти Иззат Амон - се мавзӯи ҳафта

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкСтраница социальной сети "Фейсбук"
Страница социальной сети Фейсбук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Обуна шудан
Ҳафтае, ки қариб тамом мешавад, пур аз рухдодҳои пурсарусадо буд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона онҳоро то ҳол баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Фейсбук барои корбарони сигменти тоҷикӣ муддатҳост, ки ба минбари ибрози ақидаву нашру мубодилаи хабарҳо табдил ёфтааст. Муҳимтарин ва фавритарин хабарҳо аз ҳодисаву рухдодҳои ҳаёти Тоҷикистон ва ҷаҳонро метавон аз ин шабакаи иҷтимоӣ пайдо кард.
Пас аз нашри хабар, баҳси он дар Фейсбук идома меёбад. Касе онро бознашр мекунад, нафаре зераш шарҳ менависад ва нафари дигар ин мавзӯъро ба танз ё интиқод кашидаву пост менависад. Дар натиҷа он тайи чанд рӯз ба мавзӯи асосӣ табдил меёбад.

Дарахтони чаканпӯш 

Охирҳои ҳафтаи гузашта, дар арафаи таҷлили Иди Наврӯз дар кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси дарахтони атласу чаканпеч нашр шуд, ки онро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дарахотони чаканпӯшу атласпӯш номиданд.
Ин қазия чанд рӯз боиси баҳс, интиқод ва ҷонибдории корбарон аз ин иқдом гардид.
Тавре маълум гарид, дар вилояти Хатлон, дар шаҳри Бохтар бори нахуст ин "навоварӣ" дар арафаи таҷлили Наврӯз ва ҳам сафари президент, ки бояд 22 март анҷом меёфт, истифода шудааст. Садҳо дарахт дар шаҳр бо матоъҳои гуногун, аз ҷумла, атлас ва чакан печонида шуда буданд.
Бештари корбарон бар он буданд, ки ин як харҷи зиёдатӣ аст ва ҳам маъное надорад. Бархеи дигар ҷонибдорӣ карда мегуфтанд, ки зебоипарастист. Аммо ҷониби дигар, баръакс безавқӣ унвон мекарданд.
Ҳамчунин бархеҳо ин корро исрофкорӣ меномиданд ва аз қонуни танзим дар кишвар ёдрас шуда,  мегуфтанд, ки чаро ба амали мақомот он қонун дахл надорад.
Дастури Раҳмон дар бораи таҷлили Наврӯз сарфакорона ва бе хараҷоти зиёдатӣ
Ёдрас мешавем, ҳануз 19 феврал раисҷумҳури Тоҷикистон дар машварати корӣ гуфта буд, ки Наврӯзи имсола камхарҷ таҷлил карда шавад.
"Матоъҳоро ба камбағалон тақсим мекардед, кори нағзтар мешуд", - менависад як корбар.
"Либос пӯшонидед, тоқӣ ҳам монед", - мавзӯъро ба танз мекашад нафари дигар.
"Ба ҷои ин дарахт мешинонидед, ё ҷӯйборҳоро тоза мекардед", - менависад як корбар ба номи Ризо.
"Намедонам бихандам ё бигирям, ин иқдоми кӣ бошад? Боз шояд милисаҳо ин дарахтонро посбонӣ кунанд, то матоъҳоро надузданд", - мегӯяд нафари дигар.

Барқароршавии парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Русия 

Мавзӯи дувуми ҳафта ҳам, бисёр барои сокинони Тоҷикистон фараҳбахш буд. Рӯзи 25 март барои бисёриҳо ғайричашмдошт Русия эълон кард, ки фазояшро барои Тоҷикистон боз мекунад. 
Марз байни ду кишвар ҳанӯз аз 28 марти соли 2020 баста буд ва баъди як сол парвозҳои муқаррарӣ барқарор шуданд.
Самолет Boeing 737-800 авиакомпании ЮТэйр - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Парвозҳо ба Русия: мусофирон ба кадом нарх ва ҳуҷҷат метавонанд парвоз кунанд?
25 март, пас аз зуҳр, лентаи Фейсбук пур аз навиштаҷотҳо, "Фаврӣ - марзи Тоҷикистону Русия боз мешавад", "Хушхабар - парвозҳо барқарор мешавад", "Муборак шавад, роҳи Русия кушода шуд" буд.
Корбаре менависад, "ҳамон рӯз бо падарам дар яке аз кӯчаҳои Маскав мерафтем, ки як тоҷик аз сӯҳбатамон ҳамватан буданамонро фаҳмида, аз дур фарёд кард, "Муборак шавад, марз боз шуд".
Чанд корбари дигар "Магар ин хабар рост бошад?", - гӯён ҳатто бовар намекарданд.
"Чипта чанд пул бошад?", - пурсидаанд чанд кас.
"Аз ин хабар Фейсбук оташ гирифт, Ютуб мекафад", - шӯхӣ карданд як қисми корбарон.
"Хабари сол", - менависад нафари дигар.
Барасии мавзӯъ то ҳол идома дорад ва шарҳи арзиши билет, шумораи парвозҳо ва ширкатҳои парвозкунанда феълан маълум мешавад.

Боздошти Иззат Амон

Боздошти Иззат Амон, як фаъоли иҷтимоӣ, ҳомии ҳуқуқ, ҳам ба ҳамин ҳафта рост омад.
25 март наздиконаш хабар доданд, ки Иззат Амон нопадид гаштааст ва куҷо буданашро намедонанд. Дертар як навор нашр шуд ва дар он худи Иззат Амон гуфт, ки агар он нашр шавад, ӯ боздошт шудааст. Аммо мақомот расман иттилое надода буданд. 
Додгоҳи шаҳри Маскав дар пасманзари хабарҳо дар бораи нопадид шудани Иззат Амон бархе тафсилоти як парвандаи маъмурӣ алайҳи ӯро нашр кард.
Иззат Амон таджикский активист в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
ВКД: Иззат Амон дар Душанбе дастгир ва ҳабс карда шуд
Бар асоси додаҳои Додгоҳи Маскав алайҳи Холов Изатулло Амонович, тибқи моддаи 18.10, қисми 2 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия парванда боз шуда, нисбаташ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардидааст.Моддаи мазкур дар бораи фаъолияти ғайриқонунии меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия мебошад, ки патент ё иҷозатномаи кор надоранд.
Додгоҳи Маскав тафсилоти муҷозоти Иззат Амонро нагуфтааст, аммо банде, ки аз рӯи он нисбаташ ҷазо татбиқ гардидааст, ҷарима дар ҳаҷми аз 5 то 7 ҳазор рубл бо ихроҷ аз қаламрави Русияро пешбинӣ мекунад.
Ва дар ҳамин рӯз ВКД Тоҷикистон гумонбар дониста шудани Иззат Амон дар қаллобӣ дар Тоҷикистон гузориш дод.
Имрӯз, бо гузашти ду рӯз аз хабарҳои нопадидшавӣ, маълум шуд, ки Иззат Амон дар Тоҷикистон пайдо шудааст ва ӯро дастгир кардаанд.
Дар ин бора ВКД гузориш дод. Бино бар иттилои ВКД, Иззат Амон аз Русия ихроҷ шудааст ва ҳангоми "ронда шудан аз Русия дар Душанбе боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст".
Корбарон дар пасманзхари ин хабар, қазияҳои истирдоди Каромат Шарипов, "таслим" шудани мухолифи тоҷик Шарофиддин Гадоев ва қазияҳои боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ёқуб Салимов, шахсиятҳои сиёсиро ёдрас шудаанд.
Маскав бархе тафсилоти парванда алайҳи Иззат Амон ва ҷазояшро гуфт
Корбарон дар ин мавзӯъ ба ду сангар ҷудо шудаву бархе ин боздошти Иззат Амонро изҳори нигаронӣ мекунанд, бархеи дигар низ ҳастанд, ки мегӯяд, хулосаи тафтишотро интизор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0