Интиқоди Матвиенко аз Манижа: пурсед, ки чигуна интихоб шуд

© пресс-служба Совета Федерации РФПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2021
Обуна шудан
Валентина Матвиенко, раиси Маҷлиси Русия таронаи "Зани рус"-и Манижаро, ки бо он ба Евровидение меравад, танқид кард
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко таронаи Манижаро, ки ба Евровидение-2021 пешниҳод кардааст, дар рафти маҷлиси шӯро интиқод кард.
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Намоҳанги Манижа барои Евровидение 2021 шаш миллион бинанда гирифт
"Касе, ки бо матни ин тарона шинос нест, тавсия медиҳам. Онҳо мисли асп баромаданду тамоман бемаъно баромад карданд", - изҳор доштааст роҳбари Шӯро.
Ман умуман намефаҳмам, ки ин чист ва дар бораи чист, афзудааст вай.
Матвиенко ҳамчунин супориш додааст, ки аз шабакаи аввали Русия, ки тариқи он Манижаро дар пайи овоздиҳӣ ба Евровидение интихоб карданд, тарзи гузаронидани овоздиҳӣ ва интихоби овозхон ба Евровидение пурсида шавад.
TELEGRAMMMM "{$url}"
Маълум аст, ки масъалаи интиқоди таронаи Манижаро дар маҷлис вакил Елена Афанасева боло бардоштааст.
Ӯ изҳор дошт, ки бештари сокинони Русияро интихоби Манижа ба Евровидение шигифтзада кардааст.
"Чи тарзи либоспӯшӣ ва чӣ тарона, нигаронкунанда аст. Маълум нест, ки он дар умум чӣ буд", - таъкид кардааст вакил.
Ба фикри Афанасева, тарона маъное надорад, "рақсҳои африқоиву амрикоӣ" бошанд, нофаҳмоянд.
Ба таъкиди вакил, маълум нест, ки  Манижа кадом арзишҳоро дар Евровидение нишон додан мехоҳад.
Лентаи хабарҳо
0