Намоҳанги Манижа барои Евровидение 2021 шаш миллион бинанда гирифт

© Eurovision Song ContestПевица Manizha
Певица Manizha - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Обуна шудан
Намоҳанги Манижа Сангин "Зани рус" барои Евровидение 2021 рӯз аз рӯз бинандагони зиёдеро ба худ ҷалб мекунад
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Намоҳанги овозхони зодаи Тоҷикистон, Манижа Сангин аллакай беш аз 6 миллион тамошобин пайдо кардааст. Суруди Манижа давоми се ҳафтаи охир дар шабакаи Youtube аз ҷониби беш аз 6 миллион нафар тамошо шудааст.
Манижа Сангин бо тағо ва модараш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ош баъди шок": тағои Манижа дар бораи ҷиян, оила, танқидҳо ва шустани пирӯзӣ
Илова бар ин, намоҳанги Манижаро 200 ҳазор нафар писандида, ҳамчунин зери он беш аз 100 ҳазор корбар шарҳ гузоштаанд. Вале сафи нафароне, ки ин намоҳангро қабул надошта, ҳамзамон муқобили иштироки Манижа дар Евровидение - 2021 аз номи Русия ҳастанд, низ кам нест. Ин намоҳангро 125 ҳазор нафар написандидааст.
Манижа танҳо бо 100 ҳазор бинанда аз як гурӯҳи попи Сербия Hurricane, ки иборат аз се духтар мебошад, ақиб мондааст. 
Ҳунарнамоии Манижа рӯзи 10 март соати 12:00 дар канали расмии Евровидение нашр шуд. Ба ҷои видеои анъанавӣ, ба мухлисони озмун ҳунарнамоии Манижа дар доираи интихоби миллӣ низ тақдим карда шуд.
Дар оғози видео Манижа дар тан ҷома дорад ва сарашро бо рӯймоли кабуд бастааст. Каме баъдтар, сароянда ҷомаашро кашида, бо либоси сурх намудор мешавад, ки дар қафои он навиштаҷоти Russian Woman - номи суруди ӯ, дарҷ гардидааст.
Ҳунарнамоии ӯ ҳайратангез ва ғайриоддӣ гашт, тамошобинонро ба тарафдорону зид ва онҳое, ки аз ин суруд дар шок афтоданд, тақсим кард.
Истиқболи гарми Худоназаров аз Манижа: ҳамчун тоҷик ифтихор дорам ва мухлисияш мекунам
Ёдовар мешавем, ки овозхонҳои тоҷик ба пирӯзии Манижа Сангин хушбин ҳастанд ва ҳунари ӯро басо воло ва ҷаззоб арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0