https://sputnik.tj/20210327/parvoz-rusiya-tojikiston-1033084783.html
Парвозҳо ба Русия: мусофирон ба кадом нарх ва ҳуҷҷат метавонанд парвоз кунанд?
Парвозҳо ба Русия: мусофирон ба кадом нарх ва ҳуҷҷат метавонанд парвоз кунанд?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистону Русия сари анҷоми парвозҳо миёни ду кишвар ба тавофуқ расиданд. Ҳар ҳафта ду парвоз анҷом мешавад 27.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-27T13:01+0500
2021-03-27T13:01+0500
2021-04-12T13:32+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
нақлиёт
парвоз
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/05/1031684494_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_97dac424d9a9ee8f520eabef2e05ae5f.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зимни як ҷаласаи онлайнӣ бо мақомоти ҳавонавардии Русия тавофуқот сари парвозҳо миёни ду кишвар ниҳоӣ шуданд.Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод дар пайи таҳлили хароҷоти аслии парвозҳо ба ин натиҷа расидааст, ки арзиши қимати чипта ба ҳарду тараф набояд аз маҳдудаи 500 доллари амрикоӣ зиёд бошад."Аммо аз ин хотир, ки талабот ва мусофирин дар Тоҷикистон бештар ҳастанд, қимати парвоз ба самти Маскав набояд аз марзи 250 - 350 доллар убур кунад. Аз он тараф, ки талабот ва мусофирин камтаранд, нархи чипта набояд аз 150 – 200 доллар бештар бошад. Дар ҳарду ҳолат ширкатҳо ҳақ надоранд қимати рафту баргаштро аз 500 доллар бештар кунанд", - гуфт Икром Субҳонзода.Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар баробари нигарониҳо аз боло рафтани қимати чипта ва ба дасти савдогарони "бозори сиёҳ" гузаштани онҳо гуфт, бо дастури ҳукумати Тоҷикистон назорати фурӯши қонунии чиптаҳо аз сӯи мақомоти зидахл ҷиддан ба роҳ монда мешавад."Мо аз мардуми Тоҷикистон даъват мекунем, ки дар ҳоли дучор омадан бо мавориди аз нархҳои муқарраршуда болотар фурӯхтани чипта ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд ва фақат аз нуқтаҳои расмии фурӯши чиптаҳои ин ду ширкат муроҷиат намоянд. Ҳар гуна қонуншиканӣ ҷилавгирӣ ва муҷозот хоҳад шуд", - гуфт Икром Субҳонзода.Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, аз ширкатҳо хоста шудааст, ки ба таври ҳатмӣ тадобири беҳдоштиву зиддиэпидемикиро риоя кунанд, аз ҷумла мусофирин бояд маълумотномаи тиббии ташхиси "вируси корона" – ро бо худ дошта бошанд ва ин санад бояд то 72 соати пеш аз парвоз гирифта шуда бошад.Номи ширкатҳое, ки парвозҳо миёни Тоҷикистону Русияро анҷом медиҳанд, эълон шудПарвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон ҳанӯз моҳи марти соли равон дар пайи пандемияи “вируси корона” дар ҷаҳон мутаваққиф шуда буданд. То ин замон фақат парвозҳои чартерӣ ва якҷониби ба Русия анҷом мешуданд ва қимати чиптаҳо то 1000 – 1200 доллар афзуда буд.Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар бораи барқарор кардани парвозҳо аз шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ба манотиқи дигари Русия гуфт, Агентӣ дар асоси супориши ҳукумати Тоҷикистон ба мақомоти ҳавонавардии Русия пешниҳод кардааст, ки омода аст аз моҳи июн ба тамоми самтҳои дигари Русия парвозҳоро ба роҳ монад."Онҳо дар суҳбат бо мо аз ин тасмим истиқбол карданд ва гуфтанд, ки ин масъаларо низ ба баррасӣ хоҳанд гирифт. Мунтазири посухи онҳо ҳастем", - гуфт Икром Субҳонзода.
https://sputnik.tj/20210327/tojikiston-psrvoz-russia-1033084459.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/05/1031684494_66:0:2797:2048_1920x0_80_0_0_3e7e437d90a2c0e8e7cae35fbfe338c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт, парвоз
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт, парвоз
Парвозҳо ба Русия: мусофирон ба кадом нарх ва ҳуҷҷат метавонанд парвоз кунанд?
13:01 27.03.2021 (Навсозишуда: 13:32 12.04.2021) Мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистону Русия сари анҷоми парвозҳо миёни ду кишвар ба тавофуқ расиданд. Ҳар ҳафта ду парвоз анҷом мешавад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зимни як ҷаласаи онлайнӣ бо мақомоти ҳавонавардии Русия тавофуқот сари парвозҳо миёни ду кишвар ниҳоӣ шуданд.
"Рӯзи 26 март дар бинои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Ют Эйр" ҷаласа баргузор шуд ва дар ин ҷаласа қарор шуд, ки ширкати тоҷикӣ ҳар сешанбе як парвоз дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе ва ширкати русӣ ҳар рӯзи ҷумъа дар масири Маскав – Душанбе – Маскав якпарвозӣ анҷом хоҳанд дод”, - гуфт Икром Субҳонзода.
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод дар пайи таҳлили хароҷоти аслии парвозҳо ба ин натиҷа расидааст, ки арзиши қимати чипта ба ҳарду тараф набояд аз маҳдудаи 500 доллари амрикоӣ зиёд бошад.
"Аммо аз ин хотир, ки талабот ва мусофирин дар Тоҷикистон бештар ҳастанд, қимати парвоз ба самти Маскав набояд аз марзи 250 - 350 доллар убур кунад. Аз он тараф, ки талабот ва мусофирин камтаранд, нархи чипта набояд аз 150 – 200 доллар бештар бошад. Дар ҳарду ҳолат ширкатҳо ҳақ надоранд қимати рафту баргаштро аз 500 доллар бештар кунанд", - гуфт Икром Субҳонзода.
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар баробари нигарониҳо аз боло рафтани қимати чипта ва ба дасти савдогарони "бозори сиёҳ" гузаштани онҳо гуфт, бо дастури ҳукумати Тоҷикистон назорати фурӯши қонунии чиптаҳо аз сӯи мақомоти зидахл ҷиддан ба роҳ монда мешавад.
"Мо аз мардуми Тоҷикистон даъват мекунем, ки дар ҳоли дучор омадан бо мавориди аз нархҳои муқарраршуда болотар фурӯхтани чипта ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд ва фақат аз нуқтаҳои расмии фурӯши чиптаҳои ин ду ширкат муроҷиат намоянд. Ҳар гуна қонуншиканӣ ҷилавгирӣ ва муҷозот хоҳад шуд", - гуфт Икром Субҳонзода.
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, аз ширкатҳо хоста шудааст, ки ба таври ҳатмӣ тадобири беҳдоштиву зиддиэпидемикиро риоя кунанд, аз ҷумла мусофирин бояд маълумотномаи тиббии ташхиси "вируси корона" – ро бо худ дошта бошанд ва ин санад бояд то 72 соати пеш аз парвоз гирифта шуда бошад.
Парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон ҳанӯз моҳи марти соли равон дар пайи пандемияи “вируси корона” дар ҷаҳон мутаваққиф шуда буданд. То ин замон фақат парвозҳои чартерӣ ва якҷониби ба Русия анҷом мешуданд ва қимати чиптаҳо то 1000 – 1200 доллар афзуда буд.
Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар бораи барқарор кардани парвозҳо аз шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ба манотиқи дигари Русия гуфт, Агентӣ дар асоси супориши ҳукумати Тоҷикистон ба мақомоти ҳавонавардии Русия пешниҳод кардааст, ки омода аст аз моҳи июн ба тамоми самтҳои дигари Русия парвозҳоро ба роҳ монад.
"Онҳо дар суҳбат бо мо аз ин тасмим истиқбол карданд ва гуфтанд, ки ин масъаларо низ ба баррасӣ хоҳанд гирифт. Мунтазири посухи онҳо ҳастем", - гуфт Икром Субҳонзода.