https://sputnik.tj/20210330/darguzasht-hunarmand-teatr-1033104480.html
Даргузашти нобаҳангоми ҳунарманди тоҷик Аҳлиддин Шарипов
Даргузашти нобаҳангоми ҳунарманди тоҷик Аҳлиддин Шарипов
Sputnik Тоҷикистон
Ҷанозаи марҳумро имрӯз, 30 март дар Душанбе ба хок супориданд. Аҳлиддин Шарипов ҳамагӣ 60 сол дошт 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T20:42+0500
2021-03-30T20:42+0500
2021-03-30T20:51+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_0:312:3000:2000_1920x0_80_0_0_ed5edbd678da821522956dd86f93e52f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ҳунарманди шинохтаи театри "Аҳорун" Аҳлиддин Шарипов даргузашт, хабар додааст Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.Ба гуфтаи наздикони марҳум, Аҳлиддин Шарипов, ки 60-сола буд, бар асари фишорбаландӣ вафот кардааст.Маросими ҷанозаи ҳунарманд, баъди намози пешини имрӯз, 30 март дар масҷиди воқеъ дар маҳаллаи киллометри нуҳуми шаҳри Душанбе баргузор шуд. Аз театри "Аҳорун" ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ӯ дирӯз то бегоҳ дар кор буд ва субҳи имрӯз наздиконаш занг задаву гуфтанд, ки бар асари фишорбаландӣ даргузашт. Сабоҳат Қосимова, мудири театри "Аҳорун" гуфт, ки ҳунари Аҳлиддин Шарипов худодод буд."Ӯ одами зиндадил ва якрӯй буд. Аҳлиддин аз одамҳои дурӯя набуд. Нақши Аҳлиддин дар театр ғайриодӣ буд, нақше, ки танҳо ӯ бозӣ карда метавонист", - изҳор доштааст бо таассуф Сабоҳат Қосимова.Ба гуфтаи Сабоҳат Қосимова ӯ аз рӯзҳои нахустини таъсиси театри "Аҳорун" то поёни умр бо ин театр буд.Даргузаштаи профессор Исмоилов бар асари сактаи дил - аксАҳлиддин Шарипов бештар аз 40 соли умри худро дар театр гузарондааст. Ӯ дар намоишҳои "Юсуфи гумгашта боз ояд" "Хари Даҷҷол" ва намоишҳои Фаррух Қоим нақшҳои мондагоре офарида буд. Ҳамчунин яке аз ёрони бунёдгузори театри "Аҳорун" коргардон ва ҳунарманди пуровоза Фаррух Қосим буд.
https://sputnik.tj/20210323/Darguzasht-professor-Abdushukuri-Abdusattor-1033053104.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249865_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_c0b255bebd6871fe156ab71fe5941eb4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
Даргузашти нобаҳангоми ҳунарманди тоҷик Аҳлиддин Шарипов
20:42 30.03.2021 (Навсозишуда: 20:51 30.03.2021) Ҷанозаи марҳумро имрӯз, 30 март дар Душанбе ба хок супориданд. Аҳлиддин Шарипов ҳамагӣ 60 сол дошт
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ҳунарманди шинохтаи театри "Аҳорун" Аҳлиддин Шарипов даргузашт, хабар додааст Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ба гуфтаи наздикони марҳум, Аҳлиддин Шарипов, ки 60-сола буд, бар асари фишорбаландӣ вафот кардааст.
Маросими ҷанозаи ҳунарманд, баъди намози пешини имрӯз, 30 март дар масҷиди воқеъ дар маҳаллаи киллометри нуҳуми шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Аз театри "Аҳорун" ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ӯ дирӯз то бегоҳ дар кор буд ва субҳи имрӯз наздиконаш занг задаву гуфтанд, ки бар асари фишорбаландӣ даргузашт.
Сабоҳат Қосимова, мудири театри "Аҳорун" гуфт, ки ҳунари Аҳлиддин Шарипов худодод буд.
"Ӯ одами зиндадил ва якрӯй буд. Аҳлиддин аз одамҳои дурӯя набуд. Нақши Аҳлиддин дар театр ғайриодӣ буд, нақше, ки танҳо ӯ бозӣ карда метавонист", - изҳор доштааст бо таассуф Сабоҳат Қосимова.
Ба гуфтаи Сабоҳат Қосимова ӯ аз рӯзҳои нахустини таъсиси театри "Аҳорун" то поёни умр бо ин театр буд.
Аҳлиддин Шарипов бештар аз 40 соли умри худро дар театр гузарондааст. Ӯ дар намоишҳои "Юсуфи гумгашта боз ояд" "Хари Даҷҷол" ва намоишҳои Фаррух Қоим нақшҳои мондагоре офарида буд. Ҳамчунин яке аз ёрони бунёдгузори театри "Аҳорун" коргардон ва ҳунарманди пуровоза Фаррух Қосим буд.