Даргузашти профессор ва адабиётшиносу шоир Абдушукури Абдусаттор

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2021
Обуна шудан
Абдушукури Абдусаттор, доктори илмҳои филологӣ, мунаққид, адабиётшинос ва шоир дар синни 67-солагӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Бино ба иттилли наздикони марҳум, ӯ шаби гузашта бар асари сактаи дил даргузаштааст.
Гуфта мешавад, ҷанозаи профессор ва адиб имрӯз, соати 13:00 дар масҷиди марказӣ баргузор мегардад.
Абдушукури Абдусаттор 28 апрели соли 1954 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст.
Факултети шарқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон (шӯъбаи забони арабӣ)-ро хатм кардааст (1976). Баъди хатми донишгоҳ дар давоми солҳои 1976 -1994, ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи Ҳисору Конибодом кор кардааст. Дар ин мудат муҳаррир ва мудири шуъбаи Маркази методии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ ва корҳои маданию маърифатӣ, котиби масъули маҷаллаи "Адаб" низ будааст.
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2021
Даргузашти Дӯстмурод Уроқов, иқтисодшиносу адиби тоҷик-акс
Марҳум пас аз хатми аспирантура, аз соли 1992  омӯзгори кафедраи таърихи адабиёти классики факултети филологияи Университети Давлатии Тоҷикистон шуда, ҳамзамон дар вазифаҳои корманди илмии маҷаллаи "Адаб" (1992 – 94), мудири кафед­раи забонхои хориҷӣ (2007 – 09) ва аз декабри 2009 мудири кафедраи фило­логияи тоҷикӣ Донишгоҳи славянин Русияву Тоҷикистон буд.
Ӯ муаллифи зиёда аз 300 мақола ва рисолаҳои илмӣ- оммавӣ оид ба масъалаҳои адабиёти гузашта ва муосири точик: "Фазоили Қуръон" (1992), "Рӯъяти Қуръон дар шеър" (1997), "Талмеҳ дар шеъри ахди Сомониён" (1998), "Шоирони ахди Сомониён" (1999; ҳамроҳи X. Шари­фов), "Қиссаи подшоҳони Сомонӣ"; (1999; хамроҳи X. Шарифов), "Ҷилои ситораҳо" (2000; ҳамроҳи X. Шари­фов), "Арабият дар ахди Ғазнавиён" (2002), "Робитаҳои адабии Арабу Аҷам дар асри XI" (2004).
Инчунин дар таҳия ва ба чоп омода сохтани ду ҷилди аввали китоби "Таърихи адабиёт дар Эрон"-и Забеҳуллоҳи Сафо иштирок кардааст (2001, 2006).
"Таърихи адабиёти араб" (2009) ва "Мунтахаби девон"-и Сӯзании Самарқандиро низ ба чоп расонидааст (2009).
Гуфта мешавад, Абдушукури Абдусаттор узви Иттифоқи Нависандагон Тоҷикистон низ буда, бо тахаллуси Беҳрӯз шеър ҳам эҷод мекунад, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои "Навсафар"(1985), "Кокули бом" (1985), "Хордаста" (1987), "Сарчашмаи бадбахтиҳо" (1987), "Нешханд" (1990), "Эй нашъа балои ҷон шудастӣ" (2002) ва ғайра ба табъ расидаанд. 
Лентаи хабарҳо
0