Пирӯзии Шаҳбоз ва нокомии Устопириён: натиҷаҳои мусобиқаи дзюдо дар Гурҷистон

Комроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Обуна шудан
Дар пойтахти Гурҷистон — шаҳри Тифлис мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam” оид ба дзюдо баргузор гардид. Дар рӯзи ниҳоии мусобиқа Тоҷикистонро Комроншоҳи Устопириён муаррифӣ кард.
ДУШАНБЕ, 30 март – Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён  дар даври аввал озод буда, рақобатро аз даври дуюм бар зидди намояндаи Эстония – Кусик Матиас баргузор кард.
“Дар ин сабқат Комроншоҳ аз худ маҳорати баланд нишон дода, рақибро бо усули “иппон” мағлуб намуда, ба даври сеюми мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam-2021” роҳ ёфт.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Сайри ҷаҳонии ҷудо: мусобиқоти навбатӣ дар Анталия баргузор мешаванд
Вале, мутаассифона, Комроншоҳи Устопириён дар даври сеюм аз варзишгари кишвари Исроил — Ли Кохман мағлуб шуда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.
Ҳамзамон дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ инчунин Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60 кг кишвари моро намояндагӣ кард. Шаҳбоз, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Ӯзбекистон Шарофиддин Лутфуллоев, дар даври сеюм бар намояндаи Юнон Савва Каракизиди ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи дигари Ӯзбекистон Комрон Нуриллоев мағлуб шуд.
Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Украина Олег Вередиба ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари Нидерланд Торнике Тсйакадоеаро шикаст дода, сазоавори медали  биринҷӣ гардид.
Медали тиллои ин вазнро варзишгари мизбон Темур Нозадзе ба даст овард. Медали нуқра насиби Комрон Нуриллоеви ӯзбекистонӣ ва медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Озарбойҷон Каромат Ҳусейнов шуд.
Барои Шаҳбоз Саидаброров ин дуюмин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аст. Ӯ се ҳафта қабл дар мусобиқаи Гранд слами Тошканд ҷои панҷумро ба даст оварда буд. Шаҳбоз барои ин дастовард бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1500 доллар сарфароз шуда, соҳиби 500 хол  гардид ва мавқеашро дар раддабандии олимпӣ беҳтар намуд.
Лентаи хабарҳо
0