https://sputnik.tj/20210330/Iftikhoroti-mushtarak-Gani-zaboni-Ayni-Ahmad-Zoir-1033097391.html
"Ифтихороти муштарак": Ғанӣ дар бораи забони дарӣ, Айнӣ ва Аҳмад Зоҳир
"Ифтихороти муштарак": Ғанӣ дар бораи забони дарӣ, Айнӣ ва Аҳмад Зоҳир
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Афғонистон аз ифтихороти муштараки Афғонистону Тоҷикистон суҳбат карда гуфт, ки дар айёми тифлӣ китобҳои Садриддин Айниро хондааст 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T10:10+0500
2021-03-30T10:10+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
суҳбат
садриддин айнӣ
ифтихор
муҳаммад ашраф ғанӣ
ашраф ғанӣ
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1d/1033094329_0:117:2049:1276_1920x0_80_0_0_ec7fc1377028e00a9fce5e6772e2fcb0.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки аз сӯи мухолифинаш ба миллатгароӣ ва таассуби қавмӣ муттаҳам мешавад, зимни суханронии худ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ифтихороти муштараки Афғонистону Тоҷикистон сухан кард. Вай гуфт, ифтихори онро дошт, ки зери муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки воқеан қобили бузургдошт аст, гул бигзорад.“Чор дарбор – дарбори Тоҳириёни Ҳирот, Саффориёни Нимрӯзу Систон, Сомониёни Бухоро ва Ғазнавиёни Ғазна асоси тарзи диди ҷаҳонии моро ва тарзи тафаккури моро ба забони дарӣ, забони пуршарафи мо эҷод намуданд. Ҳазор сол пеш инҳо ҷиҳати имрӯзро таъйин карданд. Чанд забони дигарро суроғ доред, ки баъд аз ҳазор сол ҳанӯз ҳам хонда метавонем ва аз пешаш лаззат гирифта метавонем?", - гуфт Муҳаммад Ашраф Ғанӣ.Дар идома ӯ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, поягузори адабиёти тоҷику форсро "ифтихороти муштараки мо" хонда афзуд, Рӯдакӣ ҳанӯз ҳам набзи эҳсосоти моро дар тамоми дунёе, ки дариро хонда метавонанд, таъйин мекунад.Вай афзуд, ин нуктаро ба он хотир арз мекунад, ки ин афрод, вақте ҷаҳонӣ шудану тағйирот аст, дар айни ҳол бо тадовуми фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон иртиботи возеҳ дорад."Маънои ҳамкориҳои минтақаиву байнулмилалӣ фаромӯш кардани ҳуввиятҳои миллии мо нест. Ҳамчунин иртибототи фароминтақаии мо низ. Забони дарӣ як вақт то Банголаву Истамбул забони ҳоким буд ва мисли забони инглисии имрӯз як забони таърих, гуфтор ва навиштор буд", - гуфт Муҳаммад Ашраф Ғанӣ.Айниро хондаам...Вай гуфт, дар бахши адабиёти муосир ҳам мехоҳад ба ҳайси касе, ки дар даврони тифлӣ Садриддин Айнӣ ва Турсунзодаву Лоҳутиро хонда буд, суҳбат кунад."Бахусус, "Тоҷикон" – и Бобоҷон Ғафуровро мехоҳам ёдоварӣ кунам, ки ҳуввияти Тоҷикистонро умқу буъди васеъ дод ва дар баҳсҳои афроде, ки намехостанд Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷод шавад, як нақши асосӣ дошт. Шумо сари шонаҳои худ ин меросро доред ва онро пеш мебаред", - гуфт раисҷумҳури Афғонистон.Осори Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва "Тоҷикон" – и Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз дар даҳаҳои 60 – 80 – и асри гузашта дар Афғонистон ба ҳуруфи арабӣ баргардон шуда, ба нашр расидаанд. "Тоҷикон" бори охир соли гузашта дар Афғонистон дубора ба нашр расидааст.Аҳмад ЗоҳирДар идомаи суханронияш раисҷумҳури Афғонистон овозхони маъруфи кишвараш Аҳмад Зоҳирро яке дигар аз ифтихороти муштараки мардуми ду кишвар хонд. Вай гуфт, Аҳмад Зоҳир як афғон буд, аммо сармояи муштараки мардуми Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва соири кишварҳои минтақа аст."Аҳмад Зоҳир дар мактаб аз ман се сол пеш буд, аммо дар ҷавонӣ аз пеши мо рафт. Ҳамеша ёдаш тоза бод. Ӯ нуқтаи васли мост. Хонданҳои ӯ дар дили мардум дар ҳама ҷой нишаста ва махсусан, боиси ифтихори ман аст, ки ҳар куҷои Осиёи Марказӣ, ки наравам, аввалин суоле, ки аз ман мекунанд, Аҳмад Зоҳир аст. Аҳмадзоҳирҳои нав пайдо мешаванд, ки василаи иртиботи мо хоҳанд буд”, - гуфт ӯ.Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, субҳи 29 март, ҷиҳати анҷоми як сафари расмӣ ва ширкат дар конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” вориди Тоҷикистон шуд. Дар давоми рӯз ӯ як мулоқоти рӯ ба рӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дошт.Пас аз зуҳр ӯ дар маҳфиле дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба ӯ унвони доктори фахрӣ дода шуд, ширкат ва суханронӣ кард.
https://sputnik.tj/20210329/Ashraf-khatmi-rayosatash-Tojikiston-kor-1033096832.html
https://sputnik.tj/20210329/rahmon-tojikiston-ashraf-ghani-1033095976.html
https://sputnik.tj/20210329/Ashraf-gani-doktor-donishgoh-milli-tojikiston-1033095247.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1d/1033094329_0:53:2049:1340_1920x0_80_0_0_50cb33a73763f517e74310949f355d5c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, суҳбат, садриддин айнӣ, ифтихор, муҳаммад ашраф ғанӣ, ашраф ғанӣ, афғонистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, суҳбат, садриддин айнӣ, ифтихор, муҳаммад ашраф ғанӣ, ашраф ғанӣ, афғонистон
"Ифтихороти муштарак": Ғанӣ дар бораи забони дарӣ, Айнӣ ва Аҳмад Зоҳир
10:10 30.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Раисҷумҳури Афғонистон аз ифтихороти муштараки Афғонистону Тоҷикистон суҳбат карда гуфт, ки дар айёми тифлӣ китобҳои Садриддин Айниро хондааст
ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки аз сӯи мухолифинаш ба миллатгароӣ ва таассуби қавмӣ муттаҳам мешавад, зимни суханронии худ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ифтихороти муштараки Афғонистону Тоҷикистон сухан кард. Вай гуфт, ифтихори онро дошт, ки зери муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки воқеан қобили бузургдошт аст, гул бигзорад.
“Чор дарбор – дарбори Тоҳириёни Ҳирот, Саффориёни Нимрӯзу Систон, Сомониёни Бухоро ва Ғазнавиёни Ғазна асоси тарзи диди ҷаҳонии моро ва тарзи тафаккури моро ба забони дарӣ, забони пуршарафи мо эҷод намуданд. Ҳазор сол пеш инҳо ҷиҳати имрӯзро таъйин карданд. Чанд забони дигарро суроғ доред, ки баъд аз ҳазор сол ҳанӯз ҳам хонда метавонем ва аз пешаш лаззат гирифта метавонем?", - гуфт Муҳаммад Ашраф Ғанӣ.
Дар идома ӯ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, поягузори адабиёти тоҷику форсро "ифтихороти муштараки мо" хонда афзуд, Рӯдакӣ ҳанӯз ҳам набзи эҳсосоти моро дар тамоми дунёе, ки дариро хонда метавонанд, таъйин мекунад.
“Бӯи ҷӯи Мавлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Ҳамчунин ифтихороти муштараки мо – Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Амир Хусрав, Бедил, ҳамаи инҳо ситораҳои бузурге ҳастанд, ки як фарҳанги муштараки моро эҷод карданд”, - гуфт раисҷумҳури Афғонистон.
Вай афзуд, ин нуктаро ба он хотир арз мекунад, ки ин афрод, вақте ҷаҳонӣ шудану тағйирот аст, дар айни ҳол бо тадовуми фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон иртиботи возеҳ дорад.
"Маънои ҳамкориҳои минтақаиву байнулмилалӣ фаромӯш кардани ҳуввиятҳои миллии мо нест. Ҳамчунин иртибототи фароминтақаии мо низ. Забони дарӣ як вақт то Банголаву Истамбул забони ҳоким буд ва мисли забони инглисии имрӯз як забони таърих, гуфтор ва навиштор буд", - гуфт Муҳаммад Ашраф Ғанӣ.
Вай гуфт, дар бахши адабиёти муосир ҳам мехоҳад ба ҳайси касе, ки дар даврони тифлӣ Садриддин Айнӣ ва Турсунзодаву Лоҳутиро хонда буд, суҳбат кунад.
"Бахусус, "Тоҷикон" – и Бобоҷон Ғафуровро мехоҳам ёдоварӣ кунам, ки ҳуввияти Тоҷикистонро умқу буъди васеъ дод ва дар баҳсҳои афроде, ки намехостанд Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷод шавад, як нақши асосӣ дошт. Шумо сари шонаҳои худ ин меросро доред ва онро пеш мебаред", - гуфт раисҷумҳури Афғонистон.
Осори Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва "Тоҷикон" – и Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз дар даҳаҳои 60 – 80 – и асри гузашта дар Афғонистон ба ҳуруфи арабӣ баргардон шуда, ба нашр расидаанд. "Тоҷикон" бори охир соли гузашта дар Афғонистон дубора ба нашр расидааст.
Дар идомаи суханронияш раисҷумҳури Афғонистон овозхони маъруфи кишвараш Аҳмад Зоҳирро яке дигар аз ифтихороти муштараки мардуми ду кишвар хонд. Вай гуфт, Аҳмад Зоҳир як афғон буд, аммо сармояи муштараки мардуми Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва соири кишварҳои минтақа аст.
"Аҳмад Зоҳир дар мактаб аз ман се сол пеш буд, аммо дар ҷавонӣ аз пеши мо рафт. Ҳамеша ёдаш тоза бод. Ӯ нуқтаи васли мост. Хонданҳои ӯ дар дили мардум дар ҳама ҷой нишаста ва махсусан, боиси ифтихори ман аст, ки ҳар куҷои Осиёи Марказӣ, ки наравам, аввалин суоле, ки аз ман мекунанд, Аҳмад Зоҳир аст. Аҳмадзоҳирҳои нав пайдо мешаванд, ки василаи иртиботи мо хоҳанд буд”, - гуфт ӯ.
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, субҳи 29 март, ҷиҳати анҷоми як сафари расмӣ ва ширкат дар конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” вориди Тоҷикистон шуд. Дар давоми рӯз ӯ як мулоқоти рӯ ба рӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дошт.
Пас аз зуҳр ӯ дар маҳфиле дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба ӯ унвони доктори фахрӣ дода шуд, ширкат ва суханронӣ кард.