Ашраф Ғанӣ гуфт, пас аз хатми раёсаташ дар Тоҷикистон кор мекунад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкПрезидент Афганистана Ашраф Гани, архивное фото
Президент Афганистана Ашраф Гани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Афғонистон гуфт, умедвор аст, ки пас аз хатми раёсаташ ба муаллимӣ хоҳад баргашт ва ин заминаро барояш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фароҳам мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбат мекард, эътои унвони доктори фахрии ин донишгоҳ ба худашро “ифтихори нодир” арзёбӣ кард.
Вай гуфт, 10 сол муаллим кор кардааст ва болотар аз унвони доктори ифтихорӣ дар рӯӯи замин барояш вуҷуд надорад.
“Аз самими қалб ташаккур мекунам. Умед бар ин дорам, пас аз хатми давраи раисҷумҳуриам шумо ба ман ин мавқеъро фароҳам мекунед, то ман ҳамроҳи шогирдон кор кунам. Хубии кор ин аст, ки вақте муаллим раисҷумҳур мешавад, пас аз хатми маъмурияташ боз ба муаллимӣ бармегардад”, - гуфт Муҳаммад Ашраф Ғанӣ.
Ин суханонро раисҷумҳури Афғонистон пас аз он изҳор дошт, ки Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар як маросими ботантана ба ӯ унвони доктори фахрии ин донишгоҳро эъто кард. Дар ин маросим муҳассилини афғонистонӣ низ ширкат доштанд.
Ғанӣ вақте Раҳмон Муҳриддинро муаррифӣ мекард, гуфт: "заҳмати бисёр кашиданд" - навор
Тибқи иттилои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар ин донишгоҳ 147 шаҳрванди Афғонистон дар бахшҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура таҳсил мекунанд. Раисҷумҳури Афғонистон ба муҳассилини кишвараш гуфт, дӯстиҳоеро, ки дар замони таҳсил дар Тоҷикистон эҷод кардаанд, давомдор бошад ва ба нафъи ду кишвари бародар, ҳамҷиҳат, ҳамсӯ ва дорои манофеъи муштарак истифода шавад.
“Аз тамоми хоҳарону бародарони тоҷикиамон ибрози итминон мекунам, ки муҳассилини афғонро ба оғӯши худ мегиред ва мисли бародару хоҳар рафтор мекунед”, - гуфт Муҳаммад Ашраф Ғанӣ.
Тибқи иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, дар дар бахшҳои бакалавриат, магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Тоҷикистон дар умум 500 шаҳрванди Афғонистон таҳсил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0