https://sputnik.tj/20210330/Dasturi-hukumat-China-qarzi-Rohi-ohan-Tajikistan-pardokht-1033096991.html
Дастури ҳукумат: ба Чин бояд қарзи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон пардохт шавад
Дастури ҳукумат: ба Чин бояд қарзи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон пардохт шавад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур додааст, ки 25 миллион доллар қарзи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар назди қарзи Бонки содироту воридоти Чинро... 30.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-30T09:45+0500
2021-03-30T09:45+0500
2021-04-22T12:50+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
қарздиҳӣ
ҳукумат
пардохт
дастур
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_0:15:1280:735_1920x0_80_0_0_ba50b2658accbfbd6a72175f029e64f7.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар ин дастур таъкид шудааст, ки ин ба маблағ суду ҷаримаи деркарди ин вомро шомил мешавад ва бояд имсол пардохт гардад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи “ТоҷВик”.Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2015 барои сохти бахше аз масири Душанбе - Бохтар – Ваҳдат ва Ёвон ба тӯли 46 километр аз Бонки содироту воридоти Чин 68 миллион доллар қарз гирифта буд.Дар ин масир 3 нақб ва 11 пули иртиботӣ низ сохта шуд.Баҳром Шодиев, муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ки маблағи 25 миллион долларе, ки Вазорати молияи Тоҷикистон бояд ба дастури ҳукумат ба Бонки содироту воридоти Чин пардохт кунад, бахше аз қарзи ин ширкат мебошад, ки пас аз сохти ин шохаи роҳи оҳан дар соли 2016 ба далели мушкилоти молӣ заминаи бозпардохти он вуҷуд надошт.Чин ба Тоҷикистон барои сохтмони роҳи оҳан 72 миллион қарз медиҳадШиркати Роҳи оҳани Тоҷикистон бояд тайи 5 сол 25 миллион долларро низ ба ҳукумат бозгардонад.
https://sputnik.tj/20210317/Mushkil-Rohi-ohan-pardokhti-qarzi-Chin-hukumat-1033018563.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_147:0:1280:850_1920x0_80_0_0_7a74cf19de0e586f7d151895d05ed88f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, қарздиҳӣ, ҳукумат, пардохт, дастур, чин
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, қарздиҳӣ, ҳукумат, пардохт, дастур, чин
Дастури ҳукумат: ба Чин бояд қарзи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон пардохт шавад
09:45 30.03.2021 (Навсозишуда: 12:50 22.04.2021) Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур додааст, ки 25 миллион доллар қарзи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар назди қарзи Бонки содироту воридоти Чинро пардохт кунад
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар ин дастур таъкид шудааст, ки ин ба маблағ суду ҷаримаи деркарди ин вомро шомил мешавад ва бояд имсол пардохт гардад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи “ТоҷВик”.
Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2015 барои сохти бахше аз масири Душанбе - Бохтар – Ваҳдат ва Ёвон ба тӯли 46 километр аз Бонки содироту воридоти Чин 68 миллион доллар қарз гирифта буд.
Дар ин масир 3 нақб ва 11 пули иртиботӣ низ сохта шуд.
Баҳром Шодиев, муовини раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ки маблағи 25 миллион долларе, ки Вазорати молияи Тоҷикистон бояд ба дастури ҳукумат ба Бонки содироту воридоти Чин пардохт кунад, бахше аз қарзи ин ширкат мебошад, ки пас аз сохти ин шохаи роҳи оҳан дар соли 2016 ба далели мушкилоти молӣ заминаи бозпардохти он вуҷуд надошт.
Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон бояд тайи 5 сол 25 миллион долларро низ ба ҳукумат бозгардонад.