Мушкили "Роҳи оҳан" дар пардохти қарзи Чин: Раҳмон қарори махсуси Ҳукуматро имзо кард

© пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2021
Обуна шудан
Корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” натавонистааст, маблағи қарзҳои гирифта аз Бонки содироту воридоти Чинро саривақт пардохт намояд. Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори махсуси Ҳукумат, сабукӣ дода, ҳамзамон муҳлат муқаррар кард
ДУШАНБЕ, 17 мар – Sputnik. Ҳукумат барои дастгирии молиявии корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон", ки натавонистааст пули гирифта аз Бонки содироту воридоти Чинро саривақт пардохт намояд, қарори махсус қабул кардааст.
Тоҷикистон аз Чин чанд  қарздор аст  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Тоҷикистон аз Чин чанд пул қарздор аст
Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ҳаҷми қарздориҳои Корхонаи роҳи оҳан дар назди Вазорати молияи кишвар, ки дар заминаи созишномаҳои қарзӣ бо Бонки содироту воридоти Чин ба вуҷуд омадаанд, кам карда шавад. Ҳаҷми қарзи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз рӯи қарзу фоизҳо ба андозаи 286 миллиону 469 ҳазор сомонӣ кам карда шуда, Раҳмон дастур додааст, ки ин пул ҳамчун саҳми Ҳукумат дар сармояи оинномавии Корхонаи роҳи оҳан ҳисоб карда шавад.
Дар баробари ин Ҳукумат ба “Роҳи оҳани Тоҷикистон” муҳлат додааст, ки давоми 5 сол пулҳои пардохтаи Вазорати молияро ба Бонки содироту воридоти Чин баргардонад.
Ин сабукиҳо дар ҳолеянд, ки аввали соли 2015 созишномае ба тасвиб расонда шуд, ки бар асоси он Бонки содироту воридоти Чин – Эксимбонк барои сохтмони хати роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ҳудуди 72 миллион доллар қарз дода буд. Гуфта мешуд 68 миллион доллараш қарзи имтиёзнок мебошад.
Лентаи хабарҳо
0