https://sputnik.tj/20210329/tojikiston-afghoniston-sanad-hamkori-1033093562.html
Тоҷикистону Афғонистон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Тоҷикистону Афғонистон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Афғонистон минбаъд дар соҳаи забон низ ҳамкорӣ хоҳанд кард: миёни Кумитаи забони Тоҷикистон ва Академияи улуми Афғонистон созишнома ба имзо расид 29.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-29T13:30+0500
2021-03-29T13:30+0500
2021-04-19T16:54+0500
сиёсат
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
осиёи марказӣ
афғонистон
ҳамкорӣ
санад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/94/1027629411_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_66ff30e070791074ebbc36fa438f09a7.jpg
ДУШАНБЕ, 29 март – Sputnik. Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ зери Эъломияи муштарак аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.
https://sputnik.tj/20210329/Ashraf-an-voridi-Dushanbe-shud-1033092185.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/94/1027629411_141:0:1200:794_1920x0_80_0_0_c6bca8e9e771c509ec590491013c494f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, афғонистон, ҳамкорӣ, санад
сиёсат , дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, афғонистон, ҳамкорӣ, санад
Тоҷикистону Афғонистон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд
13:30 29.03.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Тоҷикистону Афғонистон минбаъд дар соҳаи забон низ ҳамкорӣ хоҳанд кард: миёни Кумитаи забони Тоҷикистон ва Академияи улуми Афғонистон созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 29 март – Sputnik. Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Афғонистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ зери Эъломияи муштарак аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:
Барномаи иқдомоти амалӣ (Нақшаи роҳ) байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, транзитӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ;
Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкориҳо байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар самти мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва муташаккил, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ дар солҳои 2021-2022;
Созишнома байни Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Академияи улуми Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши забон ва истилоҳот;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи олии баррасии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон;
Созишнома оид ба таъсис додани Шӯрои кории Тоҷикистон-Афғонистон байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи саноат ва маъданҳои Афғонистон.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.