https://sputnik.tj/20210329/Ashraf-an-voridi-Dushanbe-shud-1033092185.html
Ашраф Ғанӣ вориди Душанбе шуд
Ашраф Ғанӣ вориди Душанбе шуд
Sputnik Тоҷикистон
Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, вориди Тоҷикистон шуд. Ӯ ду рӯз дар Душанбе хоҳад монд ва дар конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” ширкат... 29.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-29T09:40+0500
2021-03-29T09:40+0500
2021-03-29T09:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
душанбе
ашраф ғанӣ
ворид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032908838_0:0:2772:1560_1920x0_80_0_0_1153c72ff70b810dc4a4a58aa347e448.jpg
Душанбе, 29 мар – Sputnik. Дафтари маркази матбуоти президенти Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин сафари президенти Афғонистон расмӣ буда, аз ӯ бо тантана истиқбол шуд.Бино ба ин манбаъ, имрӯз пас аз зуҳр ҷаласаи хоси вазирони фароянди “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” низ баргузор мешавад.Фардо, 30 март, дар Душанбе конфронси фароянди “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” таҳти унвони "Тақвияти иҷмоъ (консенсус) барои сулҳу тавсеа" бо суханронии ифтитоҳияи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон оғоз хоҳад шуд.Раҳмон ва Ғанӣ дар Душанбе чиро баррасӣ хоҳанд кард?Ин конфронс як рӯз давом хоҳад ёфт.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/01/1032908838_23:0:2754:2048_1920x0_80_0_0_58617b31c8bf13e394c1e9c7c95c42c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, душанбе, ашраф ғанӣ, ворид
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, душанбе, ашраф ғанӣ, ворид
Ашраф Ғанӣ вориди Душанбе шуд
09:40 29.03.2021 (Навсозишуда: 09:45 29.03.2021) Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон, вориди Тоҷикистон шуд. Ӯ ду рӯз дар Душанбе хоҳад монд ва дар конфронси “Қалби Осиё – Раванди Истамбул” ширкат хоҳад кард
Душанбе, 29 мар – Sputnik. Дафтари маркази матбуоти президенти Тоҷикистон ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин сафари президенти Афғонистон расмӣ буда, аз ӯ бо тантана истиқбол шуд.
"Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ҳамтои афғонашро хоҳад пазируфт ва як мулоқоти рӯ ба рӯ миёни онҳо дар назар аст, ки масъалаи сулҳи Афғонистон ва дигар масоили ҳамкориҳои иқтисодии ду ҷониб дар он ба баррасӣ гирифта хоҳанд шуд”, - гуфт ин манбаъ.
Бино ба ин манбаъ, имрӯз пас аз зуҳр ҷаласаи хоси вазирони фароянди “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” низ баргузор мешавад.
Фардо, 30 март, дар Душанбе конфронси фароянди “Қалби Осиё - Раванди Истанбул” таҳти унвони "Тақвияти иҷмоъ (консенсус) барои сулҳу тавсеа" бо суханронии ифтитоҳияи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон оғоз хоҳад шуд.
Ин конфронс як рӯз давом хоҳад ёфт.