https://sputnik.tj/20210329/Vaksin-Sputnik-Layt-Rusiya-1033095727.html
Вазорати тандурустии Русия ваксини "Спутник Лайт" - ро низ сабти ном кард
Вазорати тандурустии Русия ваксини "Спутник Лайт" - ро низ сабти ном кард
Sputnik Тоҷикистон
Ваксини мазкур низ дар Маркази Гамалей ва дар ҳамкорӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Русия таҳия гардидааст 29.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-29T19:10+0500
2021-03-29T19:10+0500
2021-03-29T20:07+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034917_0:62:1200:737_1920x0_80_0_0_f881861cc8f4df50030fa71d33622619.jpg
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Вазорати тандурустии Русия ваксини "Спутник Лайт" - ро низ сабти ном кард, хабар медиҳад РИА Новости.Ин ваксин як қисми ваксини "Спутник V" мебошад, ки онро дар Маркази ба номи Гамалей ва дар ҳамкорӣ бо Фонди мустақими сармоягузории Русия таҳия намуданд.Феълан марҳилаи сеюми озмоишии ваксини "Спутник Лайт" идома дорад.Дар ҳамин ҳол, роҳбари Фонди мустақими сармоягузории Русия Киррил Дмитриев таъкид намудааст, ки ваксини мазкур асосан ба бозорҳои хориҷӣ тамаркуз мекунад. Аниқтар ба он кишварҳое, ки гирифторшавӣ ба коронавирус ба сатҳи баландтарин расидааст.Қаблан роҳбари Маркази ба номи Гамалей Александр Гинсбург дар робита ба ваксини мазкур гуфта буд, ки ин ваксин метавонад сарбории вазоратҳои беҳдошти кишварҳои хориҷро сабук кунад ва ҳамчунин сатҳи баландтарини сироятшавиро коҳиш диҳад.Муассирияти ваксини "Спутник Лайт" 85 дарсадро ташкил медиҳад.Дар Русия озмоиши ваксини "Спутник V" барои беморони саратон оғоз ёфтБояд зикр намуд, ки ваксини макур танҳо як маротиба ворид мешавад ва масунияте, ки пас аз гирифтани он пайдо мешавад, то се - чор моҳ нигоҳ дошта мешавад.Таҳиягарони ваксини "Спутник Лайт" мегӯянд, агар нафаре пас аз гирифтани ин ваксин ба коронавирус сироят шавад, ҷараёни бемории ӯ сабук хоҳад гузашт.
https://sputnik.tj/20210305/ozmoish-vaksin-sputnik-layt-rusiya-1032948004.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/13/1033034917_133:0:1200:800_1920x0_80_0_0_2356cad517a531903205794864de2b7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, дар русия, тандурустӣ
Вазорати тандурустии Русия ваксини "Спутник Лайт" - ро низ сабти ном кард
19:10 29.03.2021 (Навсозишуда: 20:07 29.03.2021) Ваксини мазкур низ дар Маркази Гамалей ва дар ҳамкорӣ бо Фонди сармоягузории мустақими Русия таҳия гардидааст
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik. Вазорати тандурустии Русия ваксини "Спутник Лайт" - ро низ сабти ном кард, хабар медиҳад РИА Новости.
Ин ваксин як қисми ваксини "Спутник V" мебошад, ки онро дар Маркази ба номи Гамалей ва дар ҳамкорӣ бо Фонди мустақими сармоягузории Русия таҳия намуданд.
Феълан марҳилаи сеюми озмоишии ваксини "Спутник Лайт" идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Фонди мустақими сармоягузории Русия Киррил Дмитриев таъкид намудааст, ки ваксини мазкур асосан ба бозорҳои хориҷӣ тамаркуз мекунад. Аниқтар ба он кишварҳое, ки гирифторшавӣ ба коронавирус ба сатҳи баландтарин расидааст.
Қаблан роҳбари Маркази ба номи Гамалей Александр Гинсбург дар робита ба ваксини мазкур гуфта буд, ки ин ваксин метавонад сарбории вазоратҳои беҳдошти кишварҳои хориҷро сабук кунад ва ҳамчунин сатҳи баландтарини сироятшавиро коҳиш диҳад.
Муассирияти ваксини "Спутник Лайт" 85 дарсадро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки ваксини макур танҳо як маротиба ворид мешавад ва масунияте, ки пас аз гирифтани он пайдо мешавад, то се - чор моҳ нигоҳ дошта мешавад.
Таҳиягарони ваксини "Спутник Лайт" мегӯянд, агар нафаре пас аз гирифтани ин ваксин ба коронавирус сироят шавад, ҷараёни бемории ӯ сабук хоҳад гузашт.