https://sputnik.tj/20210329/Rahmon-sokhtmon-pul-Afgoniston-ruz-nazdik-1033093737.html
Раҳмон: сохтмони пули ҳафтум ба Афғонистон рӯзҳои наздик оғоз мегардад
Раҳмон: сохтмони пули ҳафтум ба Афғонистон рӯзҳои наздик оғоз мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи мулоқот бо ҳамтои афғонистонияш Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, изҳор дошт, ки сохтмони пули 7-ум миёни ду кишвар ба... 29.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-29T13:59+0500
2021-03-29T13:59+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
нақлиёт
афғонистон
пул
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101572/07/1015720717_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_c4b370fb69941ec82e9eb4d23bbeadc6.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи мулоқот бо Ғанӣ гуфт, мо бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитии минтақавиро самти муҳимми ҳамкории ду кишвар арзёбӣ намудем.“Қобили зикр аст, ки то ба имрӯз мо 6 пули фаромарзиро байни Тоҷикистон ва Афғонистон сохта, ба истифода додаем. Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди пули ҳафтум дар мавзеи Кокул – Ойхонум дар рӯзҳои наздик оғоз мегарданд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ.Қаблан барои бунёди пули 7-ум миёни Тоҷикистону Афғонистон бо Бунёди Оқохон созиш ҳосил шуда буд.Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, дарозии пул дар мавзеи Кокул миёни ноҳияи Фархори Тоҷикистон ва Ойхонуми Афғонистон 297 метр, бари он 4,5 метр, иқтидори борбардорӣ 60 тонна, дарозии роҳи автомобилгарди ба пул баранда 18,5 км ва арзиши сохтмони онҳо ҳудуди 9,8 миллион долларро ташкил медиҳад.Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, феълан дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон 4 маркази тиҷорати наздисарҳадӣ, инчунин, дар ноҳияҳои наздики сарҳад бо Афғонистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудаанд, ки соҳибкорони Афғонистони ҳамҷавор метавонанд дар фаъолияти онҳо ширкати фаъол дошта бошанд.
https://sputnik.tj/20200317/Afgoniston-basta-shud-dao-moshin-dar-du-si-Pan-band-mondand-1030892008.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101572/07/1015720717_50:0:2759:2032_1920x0_80_0_0_dbe74c8f4cb0f8e59542c15be5363806.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, афғонистон, пул, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, афғонистон, пул, дар тоҷикистон
Раҳмон: сохтмони пули ҳафтум ба Афғонистон рӯзҳои наздик оғоз мегардад
13:59 29.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи мулоқот бо ҳамтои афғонистонияш Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, изҳор дошт, ки сохтмони пули 7-ум миёни ду кишвар ба зудӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи мулоқот бо Ғанӣ гуфт, мо бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитии минтақавиро самти муҳимми ҳамкории ду кишвар арзёбӣ намудем.
“Қобили зикр аст, ки то ба имрӯз мо 6 пули фаромарзиро байни Тоҷикистон ва Афғонистон сохта, ба истифода додаем. Ҳамзамон, корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди пули ҳафтум дар мавзеи Кокул – Ойхонум дар рӯзҳои наздик оғоз мегарданд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ.
Қаблан барои бунёди пули 7-ум миёни Тоҷикистону Афғонистон бо Бунёди Оқохон созиш ҳосил шуда буд.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, дарозии пул дар мавзеи Кокул миёни ноҳияи Фархори Тоҷикистон ва Ойхонуми Афғонистон 297 метр, бари он 4,5 метр, иқтидори борбардорӣ 60 тонна, дарозии роҳи автомобилгарди ба пул баранда 18,5 км ва арзиши сохтмони онҳо ҳудуди 9,8 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, феълан дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон 4 маркази тиҷорати наздисарҳадӣ, инчунин, дар ноҳияҳои наздики сарҳад бо Афғонистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудаанд, ки соҳибкорони Афғонистони ҳамҷавор метавонанд дар фаъолияти онҳо ширкати фаъол дошта бошанд.