Марз бо Афғонистон баста шуд: даҳҳо мошин дар ду сӯи Панҷ банд монданд

© Sputnik / Амир ИсаевРека вдоль границы с Афганистаном, архивное фото
Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сар аз 16 март, Тоҷикистон охирин гузаргоҳҳои марзиаш бо Афғонистон – "Панҷи поён" – ро баст. Ҳудуди 100 мошини ҳомили молу коло дар ду сӯи марз ҷамъ шудааст

ДУШАНБЕ, 17 март – Sputnik. Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ин хотир, сафорати кишвараш зимни як нома аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хостааст, ки барои интиқоли молу коло аз ду ҷониб мусоидат кунад.

"Мушкил ин ҷост, ки даҳҳо комюн (мошинҳои боркаш) дар ду сӯи марз банд мондаанд ва азбаски ҳомили молу колоҳои зудмасраф, назири маводи ғизоӣ ҳастанд, аз вазорати муҳтарами хориҷии Тоҷикистон хоҳиш кардем, ки барои ҳалли ин мушкил мусоидат кунанд", - гуфт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Тиҷорат миёни Тоҷикистону Афғонистон тариқи шаш гузаргоҳи марзӣ – Ишкошим, Тем (Хоруғ), Шогун (Ванҷ), Рӯзвай (Дарвоз), Шоҳон (Шоҳин), Кокул (Фархор) ва Панҷи Поён (Панҷ) сурат мегирад. Ин гузаргоҳҳои тайи 20 соли ахир бо сармоягузориҳои хориҷӣ ба манзури рушди тиҷорат миёни ду кишвар ва минтақа сохта шудаанд.

Пограничный пункт пропуска - Sputnik Тоҷикистон
Русия вуруди хориҷиёнро муваққатан маҳдуд кард

То ба имрӯз тариқи ҳамаи ин гузаргоҳҳо ҳамлу нақли молу коло идома дошт ва "Панҷи поён", охирин ва бузургтарин гузаргоҳ, имрӯз баста шуд.

Тайи солҳои ахир ҳамлу нақли молу коло ба вулусволиҳои шимолии вилояти Бадахшони Афғонистон низ аз қаламрави Тоҷикистон анҷом мешавад. Мақомот ва сокинони ин вулусволиҳо молу колои худро аз Афғонистон ё кишварҳои дигар тариқи бандари Шерхон ба Панҷи поён ва аз он ҷо ба Бадахшон интиқол медиҳанд.

Муҳоҷирони тоҷик миёни Қазоқистону Ӯзбекистон дармондаанд

Абдуғаффори Гардиш, муовини вулусволи Нусай ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, гузаргоҳи "Рӯвай", ки ин вулусволиро бо Дарвози Тоҷикистон мепайвандад, аз соати 11 – рӯзи пеш ба ин сӯ баста шудааст. Вай афзуд, ҳоло комюнҳои ҳомили орду семент ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум дар он сӯи марз банд мондаанд.

"Ҳоло аз вазорати зироати Афғонистон як 10 ҳазор бех ниҳол овардаем, ки дар қаламрави Тоҷикистон банд мондааст. Ба ҳар дар ки сар намезанем, иҷозаи вуруди онро пайдо карда наметавонем. Охир, ниҳолҳо хушк нашаванд. Банда бо марзбонии Тоҷикистон ва раиси ноҳияи Дарвоз тамос гирифтам. Ба мо гуфтанд, ки марзҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз "вируси тоҷдор" марзҳо баста шудаанд ва Тоҷикистон бо дигар кишварҳо низ ин корро кардааст", - гуфт муовини вулусволи Нусай.

Низомиёни Афғонисон ҳангоми тақсими варақаҳо дар бораи коронавирус ба шаҳрвандон - Sputnik Тоҷикистон
Бало ба паси Толибон: артиши Афғонистон алайҳи “вируси корона”

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2019 ҳаҷми табодули миёни Афғонистону Тоҷикистон 119 миллион ташкил додааст ва Тоҷикистон ба ҳамсояи ҷанубии худ ба маблағи бештар аз 100 миллион доллар, умдатан маводи сохтмонӣ содир кардааст.

Муроҷиати ВУХ ба мардум: ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон сафар накунед

Амволе, ки аз Афғонистон ворид мешавад, бештар транзитӣ буда, шомили мандарин, гӯшти мурғ, сабзиҷот (кабудӣ) пиёз, помидор, картошка, биринҷ, чойи қоқ ва ғайра мебошад, ки тариқи гузаргоҳи Турхам аз Покистон ва тариқи қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Лентаи хабарҳо
0