Пешниҳоди Рамазон Раҳимзода барои баргузории ду озмун

© Sputnik / Амир ИсаевРамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода барои баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони ҷавони ин ниҳод пешниҳоди баргузории озмунҳо кард
ДУШАНБЕ, 19 март - Sputnik. Ин пешниҳодро вазири корҳои дорҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода зимни мулоқот бо кормандони ҷавони ниҳоди мазкур ироа кард.
Турецкая армия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2021
Туркия барои Тоҷикистон афсарони полис омода мекунад: бо кадом шартҳо?
Ӯ гуфт, барои баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони милитсия пешниҳод намуд, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ озмуни "Хонандаи беҳтарини китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров" ва озмуни "Беҳтарин донандаи забонҳои хориҷӣ, англисию русӣ" баргузор карда шавад ва пеш аз баргузории озмунҳои мазкур курсҳои кутоҳмудат дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда шавад.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дозилӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ вазири корҳои дорҳои дохилӣ ҳамчунин қайд намуд, ки имрӯз ҷавонон дар меҳвари таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри рушди ин қишри ҷомеа пайваста дастуру супоришҳои мушахас дода, доимо таъкид менамоянд, ки нисбати ояндасозони кишвари азизамон, ки ҷавонон мебошанд, бетараф набошем.
Маҳз ҳамин аст, ки имрӯз дар томоми мақомотҳои кишвар мутахассисони ҷавон мавқеи хосаро соҳиб гаштаанд. 
Вазир афзуд, ки ҷавонони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт ташаббус нишон дода, барои ҷавобан ба ин ҳама таваҷҷӯҳ дар рафти фаъолияти хизматии худ бо ақлу хирад ва малакаи баланди касбияшон саҳмгузор мебошанд ва баҳри якпорчагии ин сарзамини аҷдодӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон устуворанд.
Лентаи хабарҳо
0