https://sputnik.tj/20210327/KHF-boron-sel-tarma-hushdor-1033084728.html
КҲФ аз боронгариҳо ва фаромадани селу тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад
КҲФ аз боронгариҳо ва фаромадани селу тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Интизори меравад, то авохири моҳи ҷорӣ ҳавои Тоҷикистон номусоид буда, дар водиҳо борони шадид ва дар кӯҳҳои баландиашон то 2000 метр барфи тар борад 27.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-27T14:00+0500
2021-03-27T14:00+0500
2021-03-27T13:19+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
кҳф
борон
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032948094_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_060fc932ec21108d42dd161d08d59391.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ мегӯяд, ҳавои ҷумҳурӣ то охири моҳи равон ноустувор боқӣ мемонад.Ба иттилои манбаъ, то 31 март дар водиҳо боронҳои пуршиддат ва дар кӯҳҳои баландиашон то 2000 метр барфи тар меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст, шамол аз самти ғарб бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад. 29 март то 8-10 дараҷа поин рафтани ҳарорати ҳаво дар назар аст.Манбаъ меафзояд, бар асари бориши зиёд таҳдиди болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб боқӣ монда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, хусусан дар роҳҳои Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим эҳтимоли лағзиши тарма ва резиши сангу рег зиёд аст.Зимнан, дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борони сел дар назар аст.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, мошинҳои худро ба сафар пешакӣ омода кунанд. То ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, роҳандозии корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикор ё моҳидорӣ худдорӣ варзанд.
https://sputnik.tj/20210326/havoshinoson-ruz-boron-purshiddat-1033080647.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/05/1032948094_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_ac1613abf398dbbd8f791b93301a36ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, кҳф, борон, сел
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, кҳф, борон, сел
КҲФ аз боронгариҳо ва фаромадани селу тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад
Интизори меравад, то авохири моҳи ҷорӣ ҳавои Тоҷикистон номусоид буда, дар водиҳо борони шадид ва дар кӯҳҳои баландиашон то 2000 метр барфи тар борад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ мегӯяд, ҳавои ҷумҳурӣ то охири моҳи равон ноустувор боқӣ мемонад.
Ба иттилои манбаъ, то 31 март дар водиҳо боронҳои пуршиддат ва дар кӯҳҳои баландиашон то 2000 метр барфи тар меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст, шамол аз самти ғарб бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад. 29 март то 8-10 дараҷа поин рафтани ҳарорати ҳаво дар назар аст.
Манбаъ меафзояд, бар асари бориши зиёд таҳдиди болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб боқӣ монда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, хусусан дар роҳҳои Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим эҳтимоли лағзиши тарма ва резиши сангу рег зиёд аст.
Зимнан, дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борони сел дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, мошинҳои худро ба сафар пешакӣ омода кунанд. То ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, роҳандозии корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикор ё моҳидорӣ худдорӣ варзанд.