https://sputnik.tj/20210326/havoshinoson-ruz-boron-purshiddat-1033080647.html
Ҳавошиносон: ду рӯз борони пуршиддат меборад
Ҳавошиносон: ду рӯз борони пуршиддат меборад
Sputnik Тоҷикистон
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз ду рӯзи борони пуршиддат дар қаламрави кишвар ҳушдор додааст 26.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-26T15:20+0500
2021-03-26T15:20+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
борон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1a/1033081119_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_f31980a6eb8c1fdc491ba98c27dfde3b.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, 28-29 март дар ҷумҳурӣ боридани боронҳои пуршиддат дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли ҳавошиносон.Манбаъ афзуд, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.Ба иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи 29 март пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа дар назар дошта шудааст.“Аз 27 март то 1 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест”, - омадааст дар иттилоия.Таъкид шудааст, ки 27-29 март дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.Ҳамасола дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ хоҷагии халқ хисороти зиёд мебинад, ки ба иттилои мақомот гоҳо ҳаҷмаш то ба даҳҳо миллион сомонӣ мерасад.
https://sputnik.tj/20210211/Dar-yak-sol-Toikiston-az-ofatoi-tabi-59-mln-somon-zarar-didaast-1032810946.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1a/1033081119_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_68d8b213d41582ff29d1fbe7ee306c86.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, борон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, борон
Ҳавошиносон: ду рӯз борони пуршиддат меборад
15:20 26.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз ду рӯзи борони пуршиддат дар қаламрави кишвар ҳушдор додааст
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, 28-29 март дар ҷумҳурӣ боридани боронҳои пуршиддат дар назар дошта шудааст.
Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли ҳавошиносон.
Манбаъ афзуд, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад.
Ба иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзи 29 март пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа дар назар дошта шудааст.
“Аз 27 март то 1 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки 27-29 март дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Ҳамасола дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ хоҷагии халқ хисороти зиёд мебинад, ки ба иттилои мақомот гоҳо ҳаҷмаш то ба даҳҳо миллион сомонӣ мерасад.