Ворухро диҳеду қисме аз Бодкандро гиред: шарте, ки Қирғизистон ба мақомоти тоҷик гузошт

© Sputnik / Илья Буяновский Въезд в Ворух, архивное фото
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев мегӯяд, баҳси асоси сари марзи Ворух аст
ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Ҷониби Қирғизистон барои ҳал шудани баҳсҳои марзӣ ба мақомоти Тоҷикистон ду шарт пешниҳод намудааст, хабар медиҳад АКИprees бо истинод ба раиси КДАМ Қамчибек Тошиев.
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Се моҳ мӯҳлат: масъалаи тақсимоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ниҳоӣ мешавад
Манбаъ меафзояд, ду пешниҳодро мақомдорони қирғиз аснои музокироти дурӯза, ки дар Тоҷикистон сурат гирифта буд, ироа карданд ва аммо ҳоло ягон посухро аз ҷониби ҳамтоёни тоҷики худ дарёфт накардаанд.
Аз пешниҳод шудани ду шарт ба мақомоти Тоҷикистон, рӯзи 26 март, раиси КДАМ Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бишкек зимни як нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ мегӯяд, масъалаи асосӣ сари Ворух аст.
"Якум, мо бар асоси қонун марзи онро чен мекунем ва он дигар васеъ намешавад. Вале мо аз ҳудуди худ, танҳо барои истифода ба онҷо роҳ боз мекунем, то онҳо битавонанд ворид шаванд"
Шарти дуюми мақомоти Қирғизистон иваз кардани Ворух ба ҳудуде аз вилояти Бодканд аст.
"Мо омодаем Ворухро иваз кунем. Аагр онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор ҳектор аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор гектарро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун посух надодааст", - изҳор доштааст ӯ.
Феълан мақомоти Тоҷикистон дар мавриди изҳори назари Тошиев чизе нагуфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти қаблии ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ рӯзи 18 март дар Тоҷикистон баргузор шуда буд.
Бояд зикр намуд, ки дарозии умумии марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километр ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст.
Зиёда аз 370 километр номуайян боқӣ мондааст.
Лентаи хабарҳо
0