https://sputnik.tj/20210315/Tashiev-bahs-marz-khona-takhrib-1033004008.html
Ташиев гуфт, ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ имкон аст хонаҳои баъзе қирғизҳо тахриб шавад
Ташиев гуфт, ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ имкон аст хонаҳои баъзе қирғизҳо тахриб шавад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо сокинони минтақаҳои наздимарзӣ мулоқот кард. Минбаъд гуфтушунидҳо дар Хуҷанд бо роҳбарияти Кумитаи амнияти миллии... 15.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-15T16:42+0500
2021-03-15T16:42+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
осиёи марказӣ
қирғизистон
марз
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0f/1033003967_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_2e02bc0eb5d7736674aec1089f42dc82.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Камчибек Ташиев гуфт, тахриби баъзе хонаҳо ва кӯчонидани шаҳрвандони Қирғизистон ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ имконпазир аст, менависад Sputnik Қирғизистон.Ба иттилои манбаъ, мақомдори баландпояи амниятӣ ин нуктаро дар мулоқот бо сокинони деҳаи марзии Самарқандак гуфтааст."Ҳангоми муайян кардани марзҳо хат метавонад дар маркази як деҳа ё қад-қади он гузарад. Ҳамин тариқ, 5-10 хона ё боғи касеро "буридан" мумкин аст. Шаҳрвандон бояд инро бо фаҳмиш ва бидуни хашм қабул кунанд. Барои ҳифзи якпорчагии давлат ва муайян кардани марзҳо, сокинони маҳаллӣ бояд ба корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва барои кӯчидан розӣ шаванд ", - гуфт Ташиев.Вай инчунин итминон дод, ки агар хонаҳо тахриб карда шаванд, давлат мардумро бесарпаноҳ намегузорад ва ба онҳо манзил медиҳад.Дар назар аст, роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар карда, дар он ҷо бо ҳамтои тоҷикаш, Саймумин Ятимов мулоқот кунад. Муайян карда шудааст, ки аз 15 то 18 март дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссияҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба масъалаҳои марзӣ баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20210315/Kdam-Qirgiziston-Tojikiston-1033003705.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0f/1033003967_217:0:938:541_1920x0_80_0_0_0f4e51058dccedc4d83eabd998d0aa69.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, қирғизистон, марз, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, қирғизистон, марз, дар тоҷикистон
Ташиев гуфт, ҳангоми ҳалли баҳси марзӣ имкон аст хонаҳои баъзе қирғизҳо тахриб шавад
16:42 15.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо сокинони минтақаҳои наздимарзӣ мулоқот кард. Минбаъд гуфтушунидҳо дар Хуҷанд бо роҳбарияти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Сардори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Камчибек Ташиев гуфт, тахриби баъзе хонаҳо ва кӯчонидани шаҳрвандони Қирғизистон ҳангоми ҳалли масъалаҳои марзӣ имконпазир аст, менависад Sputnik Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, мақомдори баландпояи амниятӣ ин нуктаро дар мулоқот бо сокинони деҳаи марзии Самарқандак гуфтааст.
"Ҳангоми муайян кардани марзҳо хат метавонад дар маркази як деҳа ё қад-қади он гузарад. Ҳамин тариқ, 5-10 хона ё боғи касеро "буридан" мумкин аст. Шаҳрвандон бояд инро бо фаҳмиш ва бидуни хашм қабул кунанд. Барои ҳифзи якпорчагии давлат ва муайян кардани марзҳо, сокинони маҳаллӣ бояд ба корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва барои кӯчидан розӣ шаванд ", - гуфт Ташиев.
Вай инчунин итминон дод, ки агар хонаҳо тахриб карда шаванд, давлат мардумро бесарпаноҳ намегузорад ва ба онҳо манзил медиҳад.
Дар назар аст, роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар карда, дар он ҷо бо ҳамтои тоҷикаш, Саймумин Ятимов мулоқот кунад.
Муайян карда шудааст, ки аз 15 то 18 март дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссияҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба масъалаҳои марзӣ баргузор мешавад.