https://sputnik.tj/20210326/itikboli-Toikiston-az-bararor-shudani-parvozo-bo-Rusiya-1033076389.html
"Ним сол боз омодаем": истиқболи Тоҷикистон аз барқарор шудани парвозҳо бо Русия
"Ним сол боз омодаем": истиқболи Тоҷикистон аз барқарор шудани парвозҳо бо Русия
Sputnik Тоҷикистон
Агентии авиатсияи гражданӣ Тоҷикистон аз барқарор шудани парвозҳо ба Русия истиқбол карда, умедвор аст, ки теъдоди онҳо бештар хоҳад шуд 26.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-26T12:20+0500
2021-03-26T12:20+0500
2021-04-12T13:55+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
нақлиёт
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102647/45/1026474515_0:22:1281:742_1920x0_80_0_0_b07847cef4d73fb5b20962f3aed70561.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар – Sputnik. Азиз Набизода, муовини директори Агентӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барқарор кардани парвозҳо бо Тоҷикистон аз сӯи Русия як иқдоми саривақтӣ ва воқеъбинона аст."Мо шаш моҳ пеш омода будем ва интизор доштем, ки кай Русия тасмими худро мегирад. Хушбахтона, ниҳоят чунин тасмим гирифта шуд. Ҳозир як парвоз дар як ҳафта фақат миёни Душанбе ва Маскав аст. Мо умедворем, ки дар оянда теъдоди онҳо бештар мешавад, чун хоҳишмандони рафтан ба Русия хеле зиёданд", - гуфт Азиз Набизода.Муовини директори Агентӣ инчунин илова кард, ки феълан нархи чипта номаълум аст.Ситоди фаврии ҷилавгирӣ аз паҳншавии "вируси корона" дар қаламрави Федератсияи Русия дирӯз, 25 март, эълон кард, ки ин кишвар аз 1 апрел ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Олмон, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланкаро аз сар мегирад.Қарори мазкурро сарвазири Русия Михаил Мишустин тасдиқ намудааст.Ҳоло, парвозҳо ҳафтае як бор ҳавопаймоҳо аз Маскав ба Душанбе ва баръакс парвоз хоҳанд кард.Парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон ҳанӯз моҳи марти соли равон дар пайи пандемияи "вируси корона" дар ҷаҳон мутаваққиф шуда буданд. То он замон парвозҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар анҷом дода мешуданд.
https://sputnik.tj/20210325/Rusiya-parvozo-bo-Tojikistonro-1033073880.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102647/45/1026474515_0:0:1133:850_1920x0_80_0_0_0023c7a35fb3bb724b3917de40098859.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт
"Ним сол боз омодаем": истиқболи Тоҷикистон аз барқарор шудани парвозҳо бо Русия
12:20 26.03.2021 (Навсозишуда: 13:55 12.04.2021) Агентии авиатсияи гражданӣ Тоҷикистон аз барқарор шудани парвозҳо ба Русия истиқбол карда, умедвор аст, ки теъдоди онҳо бештар хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 26 мар – Sputnik. Азиз Набизода, муовини директори Агентӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барқарор кардани парвозҳо бо Тоҷикистон аз сӯи Русия як иқдоми саривақтӣ ва воқеъбинона аст.
"Мо шаш моҳ пеш омода будем ва интизор доштем, ки кай Русия тасмими худро мегирад. Хушбахтона, ниҳоят чунин тасмим гирифта шуд. Ҳозир як парвоз дар як ҳафта фақат миёни Душанбе ва Маскав аст. Мо умедворем, ки дар оянда теъдоди онҳо бештар мешавад, чун хоҳишмандони рафтан ба Русия хеле зиёданд", - гуфт Азиз Набизода.
Муовини директори Агентӣ инчунин илова кард, ки феълан нархи чипта номаълум аст.
Ситоди фаврии ҷилавгирӣ аз паҳншавии "вируси корона" дар қаламрави Федератсияи Русия дирӯз, 25 март, эълон кард, ки ин кишвар аз 1 апрел ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Олмон, Венесуэла, Сурия ва Шри-Ланкаро аз сар мегирад.
Қарори мазкурро сарвазири Русия Михаил Мишустин тасдиқ намудааст.
Ҳоло, парвозҳо ҳафтае як бор ҳавопаймоҳо аз Маскав ба Душанбе ва баръакс парвоз хоҳанд кард.
Парвозҳо миёни Русияву Тоҷикистон ҳанӯз моҳи марти соли равон дар пайи пандемияи "вируси корона" дар ҷаҳон мутаваққиф шуда буданд. То он замон парвозҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар анҷом дода мешуданд.