https://sputnik.tj/20210211/Dar-yak-sol-Toikiston-az-ofatoi-tabi-59-mln-somon-zarar-didaast-1032810946.html
Дар як сол Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ 59 млн сомонӣ зарар дидааст
Дар як сол Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ 59 млн сомонӣ зарар дидааст
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон қайд кардааст, ки ҷумҳурӣ дар соли 2020 ҳудуди 59 миллион сомонӣ аз офатҳои табиӣ ҳаҷми зарари дидааст 11.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-11T19:10+0500
2021-02-11T19:10+0500
2021-07-21T16:26+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032806373_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_6679e7494e99afc0928d6e47abc279da.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодазимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки ҳаҷми зиён аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон сол то сол мунтазам кам мешавад.Вай афзуд, ки агар аввали аср зарар аз офатҳои табиӣ даҳҳо миллион доллар ҳисоб мешуд, пас давоми чор соли охир ин маблағ ҳамасола аз 2-4 миллион доллар зиёдтар нест.Рустам Назарзода ин равандро ба натиҷаи кори ҳукумати Тоҷикистон дар бахши огоҳии саривақтӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ, инчунин беҳбуди сатҳи худогоҳии аҳолии кишвар аст рабт додааст.Раиси Кумита зикр дошт, ки соли гузашта бар асари ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон 8 нафар, аз ҷумла 4 нафар дар натиҷаи селфароӣ ва 2 кас - аз зарбаи оташак (чароғак, молния) ва фаромадани тарма ҳалок шуданд.Соли 2020 дар дарёву обанборҳои ҷумҳурӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ 107 нафар ғарқ шуданд, ки 34 нафар камтар аз соли 2019 аст. Дар ин давра 55 кас аз ҷониби кормандони Кумита аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.Дар маҷмӯъ дар соли гузашта дар кишвар 231 ҳодисаи ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шуд.
https://sputnik.tj/20210205/ba-KhF-du-moshin-va-50-dastgoh-hadya-shud-1032770149.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0b/1032806373_74:0:1211:853_1920x0_80_0_0_a62565f518188c758bf859741631fe13.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Дар як сол Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ 59 млн сомонӣ зарар дидааст
19:10 11.02.2021 (Навсозишуда: 16:26 21.07.2021) Роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон қайд кардааст, ки ҷумҳурӣ дар соли 2020 ҳудуди 59 миллион сомонӣ аз офатҳои табиӣ ҳаҷми зарари дидааст
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодазимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки ҳаҷми зиён аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон сол то сол мунтазам кам мешавад.
Вай афзуд, ки агар аввали аср зарар аз офатҳои табиӣ даҳҳо миллион доллар ҳисоб мешуд, пас давоми чор соли охир ин маблағ ҳамасола аз 2-4 миллион доллар зиёдтар нест.
Рустам Назарзода ин равандро ба натиҷаи кори ҳукумати Тоҷикистон дар бахши огоҳии саривақтӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ, инчунин беҳбуди сатҳи худогоҳии аҳолии кишвар аст рабт додааст.
Раиси Кумита зикр дошт, ки соли гузашта бар асари ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон 8 нафар, аз ҷумла 4 нафар дар натиҷаи селфароӣ ва 2 кас - аз зарбаи оташак (чароғак, молния) ва фаромадани тарма ҳалок шуданд.
Соли 2020 дар дарёву обанборҳои ҷумҳурӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ 107 нафар ғарқ шуданд, ки 34 нафар камтар аз соли 2019 аст. Дар ин давра 55 кас аз ҷониби кормандони Кумита аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.
Дар маҷмӯъ дар соли гузашта дар кишвар 231 ҳодисаи ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шуд.