Президент гуфт, муҳоҷирати меҳнатӣ 84% кам шуд: соли гузашта 129,8 ҳазор муҳоҷир шудаанд

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон аз мушкили бекорӣ ва коҳиши теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ гуфт
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон гуфт, дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ва дастгирии соҳибкорони кишвар дар муддати қариб 8 соли охир шумораи шаҳрвандони мо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 84 фоиз кам шудааст.
"Соли 2020 аз Тоҷикистон ҳамагӣ 129,8 ҳазор нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд", - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон
Раисиҷумҳур зикр намудааст, ки гарчанде дар вилояти Хатлон соли 2020–ум 73 ҳазор ҷойҳои кории доимию муваққатӣ таъсис дода шудаанд, дар ин муддат барҳамхӯрии 31 ҳазор ҷойҳои корӣ ба қайд гирифта шудааст ва чунин вазъро бисёр ташвишовар хондааст.
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2021
Кам шуд: Вазорати корҳои дохилии Русия теъдоди муҳоҷиронро гуфт
Раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар заминаи бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ супориш додаст, ки якҷо бо раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои мунтазам баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва фаро гирифтани бекорон барои бозомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар дар марказҳои таълими калонсолон чораҳои зарурӣ ва фаврӣ андешанд.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ва аввали соли равон бисёре аз муҳоҷирони меҳнатӣ натавонистанд, ба далели марзбандӣ ба Русия раванд. Русия, қабулкунандаи асосии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон мебошад, ки ахиран эълон кард, ки аз 1 апрел парвозҳои мунтазам бо Тоҷикистонро барқарор месозад.
Лентаи хабарҳо
0