https://sputnik.tj/20210324/Vazorati-Rusiya-tedodi-muhojironro-guft-1033058988.html
Кам шуд: Вазорати корҳои дохилии Русия теъдоди муҳоҷиронро гуфт
Кам шуд: Вазорати корҳои дохилии Русия теъдоди муҳоҷиронро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз аввали соли равон ба Русия ворид шудаанд, ду маротиба кам шудааст 24.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-24T09:00+0500
2021-03-24T09:00+0500
2021-04-12T14:33+0500
ҳамаи хабарҳо
муҳоҷират
коҳиш
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032332178_0:101:3077:1832_1920x0_80_0_0_7826f2d0f1c5f929ec7e80318cb96ccd.jpg
ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба камтар муҳоҷиронро сабти ном кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод.Ҳамин тавр, дар ду моҳи аввали соли равон Вазорат 1,083 миллион нафарро ба қайд гирифтааст.Зимнан, дар ҳамин давраи соли 2020, 2,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки аз аввали сол ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд қариб ду маротиба камтар патент дода шудааст.112,3 ҳазор нафар хоҳиши кор дар Русияро изҳор доштанд, дар ҳоле ки соли гузашта ин рақам 203,7 ҳазор муҳоҷирро ташкил медод.Дар баробари ин, шумораи даъватномаҳои ба шаҳрвандони хориҷӣ додашуда коҳиш ёфта, имсол 15,8 ҳазорро ташкил дод, дар ҳоле, ки соле пеш ин рақам ба 56 ҳазор баробар буд.Вакили Думаи давлатӣ гуфт, кай Русия марзро ба рӯи донишҷӯёни тоҷик мекушоядДодани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ низ коҳиш ёфтааст. Имсол 17 ҳазор муҳоҷир дархости иҷозати иқомати муваққатиро пешниҳод карданд; як сол қабл беш аз 26 ҳазор нафар чунин хоҳиш доштанд.Ёдовар мешавем, ки як сол боз марзҳои Русия барои бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ баста аст. Моҳи марти соли гузашта Федератсияи Русия парвози ҳавопаймоиро бо ҳама кишварҳо қатъ кард ва танҳо барои баргардонидани шаҳрвандони худ парвозҳои вижа роҳандозӣ кард.Коренев пешгӯӣ кард, ки кай барои муҳоҷирон дар Русия ҷойҳои корӣ зиёд мешавадДар натиҷа, вуруди муҳоҷирон, махсусан аз кишварҳои ҳамсоя, хеле коҳиш ёфт.
https://sputnik.tj/20210323/Mahdudiyati-nav-baroi-jalbi-muhojiron-1033057969.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032332178_346:0:3077:2048_1920x0_80_0_0_3ee1aa923ae8db259b5f252c46b6f08f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират, коҳиш, дар русия
ҳамаи хабарҳо, муҳоҷират, коҳиш, дар русия
Кам шуд: Вазорати корҳои дохилии Русия теъдоди муҳоҷиронро гуфт
09:00 24.03.2021 (Навсозишуда: 14:33 12.04.2021) Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз аввали соли равон ба Русия ворид шудаанд, ду маротиба кам шудааст
ДУШАНБЕ, 24 март - Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду маротиба камтар муҳоҷиронро сабти ном кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод.
Ҳамин тавр, дар ду моҳи аввали соли равон Вазорат 1,083 миллион нафарро ба қайд гирифтааст.
Зимнан, дар ҳамин давраи соли 2020, 2,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки аз аввали сол ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд қариб ду маротиба камтар патент дода шудааст.
112,3 ҳазор нафар хоҳиши кор дар Русияро изҳор доштанд, дар ҳоле ки соли гузашта ин рақам 203,7 ҳазор муҳоҷирро ташкил медод.
Дар баробари ин, шумораи даъватномаҳои ба шаҳрвандони хориҷӣ додашуда коҳиш ёфта, имсол 15,8 ҳазорро ташкил дод, дар ҳоле, ки соле пеш ин рақам ба 56 ҳазор баробар буд.
Додани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ низ коҳиш ёфтааст. Имсол 17 ҳазор муҳоҷир дархости иҷозати иқомати муваққатиро пешниҳод карданд; як сол қабл беш аз 26 ҳазор нафар чунин хоҳиш доштанд.
Ёдовар мешавем, ки як сол боз марзҳои Русия барои бисёре аз шаҳрвандони хориҷӣ баста аст. Моҳи марти соли гузашта Федератсияи Русия парвози ҳавопаймоиро бо ҳама кишварҳо қатъ кард ва танҳо барои баргардонидани шаҳрвандони худ парвозҳои вижа роҳандозӣ кард.
Дар натиҷа, вуруди муҳоҷирон, махсусан аз кишварҳои ҳамсоя, хеле коҳиш ёфт.