https://sputnik.tj/20210326/Korgardon-arab-filmofar-Tojikiston-1033080965.html
Коргардони араб барои филмофарӣ ба Тоҷикистон меояд
Коргардони араб барои филмофарӣ ба Тоҷикистон меояд
Sputnik Тоҷикистон
Филмсози машҳури Аморати Муттаҳидаи Араб Ҳусейн Аларӣ тасмим гирифтааст, ки дар оянда ба Тоҷикистон омада, аз мавзеъҳои назаррабо ва сайёҳию таърихии кишвар... 26.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-26T16:15+0500
2021-03-26T16:15+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
фарҳанг
арабӣ
филм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/85/1029258514_280:576:2220:1667_1920x0_80_0_0_a84f9f9f06403d8e0e86127cfb4fba41.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар бораи сафари коргардони машҳури араб ба Тоҷикистон зимни мулоқоти Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумат бо ҳайати масъулини Амороти муттаҳидаи Араб хабар дода шуд. Ин ҳайат ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии наврӯзӣ дар Душанбе қарор доранд.Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои омӯхтани таҷрибаи Аморот, ки дар бозори хизматрасониҳои сайёҳии ҷаҳонӣ пешсаф ва муваффақ аст, таъкид намуд, иттилоъ дод “Ховар”.Ҷӯразода аз имтиёзҳо дар ҷумҳурӣ суҳбат карда, изҳор доштааст, ки аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида озод карда шуда, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.Зикр шуд, барои шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата ба муҳлати 60 рӯз тамдид карда шуда, ба сармоягузороне, ки то як миллион доллар ворид месозанд, раводиди бисёркаратаи 5-сола дода мешавад.
https://sputnik.tj/20210313/Tasisi-se-shirkati-navi-sayohi-Tajikistan--1032995767.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/85/1029258514_23:0:2246:1667_1920x0_80_0_0_75618ccaba7ca29fc3d4aa40541723e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, фарҳанг, арабӣ, филм
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, фарҳанг, арабӣ, филм
Коргардони араб барои филмофарӣ ба Тоҷикистон меояд
16:15 26.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Филмсози машҳури Аморати Муттаҳидаи Араб Ҳусейн Аларӣ тасмим гирифтааст, ки дар оянда ба Тоҷикистон омада, аз мавзеъҳои назаррабо ва сайёҳию таърихии кишвар филм ба навор гирад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар бораи сафари коргардони машҳури араб ба Тоҷикистон зимни мулоқоти Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумат бо ҳайати масъулини Амороти муттаҳидаи Араб хабар дода шуд. Ин ҳайат ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии наврӯзӣ дар Душанбе қарор доранд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои омӯхтани таҷрибаи Аморот, ки дар бозори хизматрасониҳои сайёҳии ҷаҳонӣ пешсаф ва муваффақ аст, таъкид намуд, иттилоъ дод “Ховар”.
Ҷӯразода аз имтиёзҳо дар ҷумҳурӣ суҳбат карда, изҳор доштааст, ки аз ҷумла, ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида озод карда шуда, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.
Зикр шуд, барои шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата ба муҳлати 60 рӯз тамдид карда шуда, ба сармоягузороне, ки то як миллион доллар ворид месозанд, раводиди бисёркаратаи 5-сола дода мешавад.