Пирӯзии комил: футболбозони тоҷик тими Муғулистонро шикаст доданд

© ФФТСборная Таджикистана (U-22) уступила Китаю в стартовом матче на турнире в Чжухае
Сборная Таджикистана (U-22) уступила Китаю в стартовом матче на турнире в Чжухае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Обуна шудан
Футболбозони мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Муғулистон мутлақо пирӯз шуданд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Имрӯз дар варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дастаҳои Тоҷикистону Муғулистон ҷамъбаст гардид. Дар натиҷа, футболбозони тоҷик пирӯзии мутлақро ба даст оварданд.
Ҳамин тавр бозӣ бар ҳисоби 3 бар 0 бар фоидаи дастаи Тоҷикистон ба анҷом расид.
Манучехр Джалилов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Футболбозони тоҷик дастаи Муғулистонро шикаст доданд
Дар давраи авал голи нахустинро варзишкор Манучеҳр Ҷалилов ба дарвоза расонид. Як голи дигар, ки марзи футболбозони муғулро убур карда буд, бино бар нақзи қавонини майдон, ба ҳисоб гирифта нашуд.
Бор ҳамин давраи аввали бозӣ ҷамъбаст гардид.
Дар давраи дувуми мусобиқа бошад, тоҷикистониён тавонистанд, ки ба дарвозаи ҳарифашон ду гол зананд.
Тӯби аввалро Алишер Ҷалилов ба ҳадаф расонид ва голи дувумро, ки ҷаримавӣ буд, Шаҳром Солиев ба дарвозаи тими Муғулистон ворид кард.
Ёдрас мешавем, дастаи футболи Тоҷикистон имкони ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии 2022-ро дорад - барои ин даста бояд дар гурӯҳ ҷои дуввумро гирад.
Тошев гуфт, нақшаи пинҳонӣ доранд ва бар тими Муғулистон пирӯз мешаванд
Кишварҳо барои роҳ ёфтан ба гурӯҳи F дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии ФИФА-2022 мубориза мебаранд.
Тоҷикистон саъй хоҳад кард, ки имкони ширкат дар сабқати минбаъдаи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатарро, ки соли 2022 баргузор мешавад, нигоҳ дорад. Барои ин ба онҳо лозим аст, ки якчанд бозии бомуваффақият гузаронанд ва аз мунтахаби Қирғизистон пеш гузаранд.
Лентаи хабарҳо
0