Интихоб ба Ҷоми ҷаҳонии 2022: бозии футболи Тоҷикистон - Муғулистон. Анҷоми пахши мустақим

Обуна шудан
Дастаи футболи Тоҷикистон ҳамчунон имкони ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии 2022-ро дорад - барои ин даста бояд дар гурӯҳ ҷои дуввумро гирад
25 март дар Душанбе вохӯрии тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор мешавад.
Кишварҳо барои роҳ ёфтан ба гурӯҳи F дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии ФИФА-2022 мубориза мебаранд.
Тоҷикистон саъй хоҳад кард, ки имкони ширкат дар сабқати минбаъдаи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатарро, ки соли 2022 баргузор мешавад, нигоҳ дорад.
Комментаторы матча Таджикистан - Кыргызстан в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
FIFA барои ҳузури 10 ҳазор мухлиси футбол дар варзишгоҳ иҷозат дод
Барои ин ба онҳо лозим аст, ки якчанд бозии бомуваффақият гузаронанд ва аз мунтахаби Қирғизистон пеш гузаранд.
Барои мунтахаби Тоҷикистон, ин нахустин бозии расмӣ пас аз танаффуси тӯлонӣ бо сабаби пандемияи коронавирус хоҳад буд.
"Ин яке аз дастаҳои беҳтарини омӯзишёфтаи Осиё мебошад, ки аз моҳи сентябри соли гузашта дар панҷ мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзид ва тавонист чанд ситораро аз тимҳои ҷавонони муваффақи худ ҷалб кунад"-  гуфта мешавад дар маводи таҳлили Конфедератсияи футболи Осиё.
“Файзканд” барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон шуд
Аз ҷониби дигар, Муғулистон ҳеҷ имкони баромадан аз гурӯҳи F-ро надорад: он дар ҷои охирин аст ва танҳо дар як бозӣ бар Мянмар пирӯз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0