https://sputnik.tj/20210325/Vokunishi-Iran-izhorot-Raisjumhuri-Afghanistan-1033068666.html
Вокуниши Эрон ба изҳороти раисҷумҳурии Афғонистон
Вокуниши Эрон ба изҳороти раисҷумҳурии Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон ба суханони раисҷумҳурии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар бораи ҳақобаи Эрон аз дарёи Ҳилманд вокуниш нишон дод 25.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-25T13:00+0500
2021-03-25T13:00+0500
2021-04-12T19:30+0500
ҳамаи хабарҳо
осиёи марказӣ
эрон
ашраф ғанӣ
ҳилманд
об
вокуниш
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033046904_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_83c2b634c3d8dd83a3af5ef28ef1ba95.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ИРНА, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон Саид Хатибзода рӯзи чаҳоршанбе дар бораи ифтитоҳи сади Камолхон дар Афғонистон рӯи дарёи Ҳилманд таъкид доштааст, ки бар асоси қарордоде, ки соли 1972 милодӣ байни ду кишвар ба имзо расид, ҳаққобаи Эрон комилан мушаххас шудааст ва давлати Афғонистон низ ба он мутааҳҳид аст. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон таъкид кард Эрон аз изҳороти Раисҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои табдили об ба мавзӯи ҳамкории байни ду кишвар истиқбол мекунад.Сарбанди Камолхон дар дарёи Ҳилманд, 18-километрии ҷануби Заранҷ, маркази вилояти Нимруз дар ҷанубу ғарби Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури Раиси Ҷумҳурӣ Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ифтитоҳ шуд.Ғанӣ дар маросими ифтитоҳи сарбанди Камолхон гуфт Кобул ба тааҳҳуди худ дар баробари ҳақобаи Эрон аз Ҳилманд пойбанд аст ва агар Эрон оби бештаре бихоҳад Афғонистон ҳозир ба мубодилаи об дар баробари нафт аст. Вай таъкид кард оби Ҳилманд муоҳидаи кулли Афғонистон бо Эрон аст ва мавзӯи оби сарбанди Камолхон низ бо ин муоҳида татбиқ дода хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20210128/Poyoni-jang-dar-Afghanistan-muzokirot-Iran-Tolibon-Tehron-1032712608.html
ҳилманд
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033046904_15:0:1000:739_1920x0_80_0_0_1ebe6003c36d9a8dbab5f7189e6e0502.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, эрон, ашраф ғанӣ, ҳилманд, об, вокуниш, афғонистон
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, эрон, ашраф ғанӣ, ҳилманд, об, вокуниш, афғонистон
Вокуниши Эрон ба изҳороти раисҷумҳурии Афғонистон
13:00 25.03.2021 (Навсозишуда: 19:30 12.04.2021) Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон ба суханони раисҷумҳурии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар бораи ҳақобаи Эрон аз дарёи Ҳилманд вокуниш нишон дод
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ИРНА, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон Саид Хатибзода рӯзи чаҳоршанбе дар бораи ифтитоҳи сади Камолхон дар Афғонистон рӯи дарёи Ҳилманд таъкид доштааст, ки бар асоси қарордоде, ки соли 1972 милодӣ байни ду кишвар ба имзо расид, ҳаққобаи Эрон комилан мушаххас шудааст ва давлати Афғонистон низ ба он мутааҳҳид аст.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон таъкид кард Эрон аз изҳороти Раисҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои табдили об ба мавзӯи ҳамкории байни ду кишвар истиқбол мекунад.
Сарбанди Камолхон дар дарёи Ҳилманд, 18-километрии ҷануби Заранҷ, маркази вилояти Нимруз дар ҷанубу ғарби Афғонистон, рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури Раиси Ҷумҳурӣ Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ифтитоҳ шуд.
Ғанӣ дар маросими ифтитоҳи сарбанди Камолхон гуфт Кобул ба тааҳҳуди худ дар баробари ҳақобаи Эрон аз Ҳилманд пойбанд аст ва агар Эрон оби бештаре бихоҳад Афғонистон ҳозир ба мубодилаи об дар баробари нафт аст.
Вай таъкид кард оби Ҳилманд муоҳидаи кулли Афғонистон бо Эрон аст ва мавзӯи оби сарбанди Камолхон низ бо ин муоҳида татбиқ дода хоҳад шуд.