Падарбузург набераашро пахш кард: ҳалокати хурдсол зери чархи мошин

© Sputnik / Томас ТхайцукМедицинская каталка в больнице, архивное фото
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати духтарчаи ду сола бар асари як садамаи нақлиётӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи нохуш санаи 24-уми марти соли равон ҳудуди дар ҳудуди деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён сурат гирифтааст.
Задержан Х. Сомон, предполагаемый виновник ДТП на севере столицы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Ду занро пахш карда кушт: боздошти донишҷӯи тоҷик дар Маскав – навори бозпурсӣ
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Розиқов Латиф, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо чархи тарафи чапи ақиби автомашинааш пиёдагарди хурдсол, (наберааш) Латифзода Меҳрона Музаффар, соли таваллудаш 2019, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.
Ронанда ба ақиб нигоҳ накард: Рустами 5-сола зери чархи мошин ҳалок шуд
Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷа, хурдсол Латифзода Меҳрона ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳалокати Эмомалии 12-сола зери чархи "Портер" дар ноҳияи Рӯдакӣ
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0