Марду зан сокини 55-солаи пойтахтро лату кӯб карда, ба ҳалокат расонданд

© PixabayМедицинские носилки, архивное фото
Медицинские носилки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марду зан хабар дод, ки дар қатли сокини 55-солаи шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешаванд
ДУШАНБЕ, 25 март - Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҳоли ҳозир гумонбаршудгон дар қатли марди 55-сола аз тарафи кормандони милитсияи Тоҷикистон боздошт шуданд.
Автомобиль полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2021
Ба сараш се бор бо санг зад: боздошти марди 34-сола бо иттиҳоми куштор
ВУД-и Тоҷикистон таъкид доштаааст, ки зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 47-сола, ки қаблан 2-маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст ва зани 48-солаи сокинони пойтахт бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Қайд карда шудааст, ки номбурдагон, 24-уми марти соли равон, дар кӯчаи Н.Муҳаммад ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанашон бо марди 55-солаи сокини шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудаанд.
Зане, ки писари 7-cоларо дар пойтахт кушту фирор кард, боздошт шуд
“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - таъкид доштааст ВУД-и Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0