https://sputnik.tj/20210324/Saheh-Shuroi-ulamo-guft-kadome-sahobaho-umr-1033065436.html
“Саҳеҳ аст”: Шӯрои уламо гуфт, кадоме аз саҳобаҳо 250 сол умр дидааст
“Саҳеҳ аст”: Шӯрои уламо гуфт, кадоме аз саҳобаҳо 250 сол умр дидааст
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон сарусадоҳо дар бораи садҳо сол умр дидани бархе аз соҳабаҳои паёмбари Ислом, Ҳазрати Муҳаммад (с) – ро шарҳ додааст 24.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-24T17:07+0500
2021-03-24T17:07+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
шӯрои уламо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102676/88/1026768834_0:163:3065:1887_1920x0_80_0_0_700f6b824eae2d79a6c0aea86fe4e451.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Муҳаммад, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки оё ягон саҳобаи Расули Худо (с) 300 ё 400 умр дидааст.Шӯрои уламо посух додааст, ки бар асоси як ривоят Салмони Форс 250 сол умр дидааст ва таъкид кардааст, ки ин ривоят саҳеҳ аст.“Бародари азиз, тибқи баъзе ривоятҳо Салмони Форсӣ (рз) 350 сол ва ба ривояти дигар 250 сол умр дидааст ва ҳамин ривояти охир саҳеҳ аст”, - омадааст дар посухи Шӯрои уламо, ки дар сомонаи расмияш нашр шудааст.Салмони Форс аз чеҳраҳои шинохтаи олами ислом ва аввалин форсе арзёбӣ мешавад, ки Исломро қабул кардааст.Аммо бар асоси донишномаи озод, Салмон соли 578 дар шаҳри Исфаҳони Эрон таваллуд шуда, соли 657 дар шаҳри Мадоин дар қаламрави Ироқи ҳозира дар синни 79-солагӣ фавтидааст. Ӯ дар охири умраш волии Мадоин будааст. Салмон аз тарроҳони асосии ҷанги Хандақ дар соли 626 мебошад, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) ва ёронашро дар Мадина аз бадхоҳонашон ҳифз кардааст. Дар ин ҷанг бо пешниҳоди Салмон атрофи шаҳр хандақ канда мешавад, ки боиси пирӯзии Муҳаммад ва ёронаш мегардад.Ӯро инчунин аввалин тарҷумони бархе сураҳои Қуръон медонанд, ки гуфта мешавад, аз тарҷумаҳояш танҳо тарҷумаи сураи "Фотиҳа" боқӣ мондааст.
https://sputnik.tj/20210322/Fatvoi-Shuroi-qasami-zantaloq-savgand-Khudo-Quron-1033047332.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102676/88/1026768834_167:0:2898:2048_1920x0_80_0_0_8a0cd17943ba3d829dc2c3fb9cc37984.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, шӯрои уламо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, шӯрои уламо, дар тоҷикистон
“Саҳеҳ аст”: Шӯрои уламо гуфт, кадоме аз саҳобаҳо 250 сол умр дидааст
17:07 24.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон сарусадоҳо дар бораи садҳо сол умр дидани бархе аз соҳабаҳои паёмбари Ислом, Ҳазрати Муҳаммад (с) – ро шарҳ додааст
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Муҳаммад, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки оё ягон саҳобаи Расули Худо (с) 300 ё 400 умр дидааст.
Шӯрои уламо посух додааст, ки бар асоси як ривоят Салмони Форс 250 сол умр дидааст ва таъкид кардааст, ки ин ривоят саҳеҳ аст.
“Бародари азиз, тибқи баъзе ривоятҳо Салмони Форсӣ (рз) 350 сол ва ба ривояти дигар 250 сол умр дидааст ва ҳамин ривояти охир саҳеҳ аст”, - омадааст дар посухи Шӯрои уламо, ки дар сомонаи расмияш нашр шудааст.
Салмони Форс аз чеҳраҳои шинохтаи олами ислом ва аввалин форсе арзёбӣ мешавад, ки Исломро қабул кардааст.
Аммо бар асоси донишномаи озод, Салмон соли 578 дар шаҳри Исфаҳони Эрон таваллуд шуда, соли 657 дар шаҳри Мадоин дар қаламрави Ироқи ҳозира дар синни 79-солагӣ фавтидааст. Ӯ дар охири умраш волии Мадоин будааст.
Салмон аз тарроҳони асосии ҷанги Хандақ дар соли 626 мебошад, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) ва ёронашро дар Мадина аз бадхоҳонашон ҳифз кардааст. Дар ин ҷанг бо пешниҳоди Салмон атрофи шаҳр хандақ канда мешавад, ки боиси пирӯзии Муҳаммад ва ёронаш мегардад.
Ӯро инчунин аввалин тарҷумони бархе сураҳои Қуръон медонанд, ки гуфта мешавад, аз тарҷумаҳояш танҳо тарҷумаи сураи "Фотиҳа" боқӣ мондааст.